Ҳукумати Тоҷикистон созишнома бо ҳукумати Чинро дар бораи баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористӣ барои тасдиқ ба парлумон ирсол намуд.
Санад 27 сентябри соли равон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, 18 майи ҳамин сол дар шаҳри Сиан аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ ба имзо расонида шуд.
“Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии мақомоти роҳбарикунанда дар идораи воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, сатҳи ҳамкорӣ байни воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, инчунин сатҳи тайёрӣ ва малакаи амалии тактикии воҳидҳои махсуси зиддитеррористии Тоҷикистону Чин мебошад”, - омадааст дар матни санад, ки имрӯз, 13 октябр дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.
Гуфта мешавад, қарор дар бораи гузаронидани тамринҳо аз ҷониби Тарафҳо дар асоси ризоияти (консенсуси) дуҷониба қабул гардида, Тарафи қабулкунанда тибқи тартиби бо навбат гузаронидани тамринҳо муайян карда мешавад.
Дар санад таъкид мешавад, ки тарафҳо на камтар аз 1 маротиба дар 2 сол тамринҳоро баргузор мекунанд.
“Тарафи ташаббускор на дертар аз шаш моҳ пеш аз ољози тамринҳо Тарафи дигарро дар бораи пешниҳоди гузаронидани тамринҳо огоҳ мекунад. Муҳлат, макон, мавзуъ, тартиб ва масъалаҳои дигари баргузории тамринҳо байни Тарафҳо мувофиқа карда мешаванд”, - зикр мегардад дар созишнома.
Тарафҳо хароҷоти вобаста ба иҷрои Созишномаро мустақилона ба уҳда мегиранд, агар дар ҳар як ҳолати мушаххас тартиби дигаре мувофиқа нагардида бошад.
“Тарафҳо аз пешниҳоди иддао ба зараре, ки иштирокчиёни тамринҳои як Тараф ба иштирокчиёни тамринҳои Тарафи дигар ҳангоми аз ҷониби онҳо иҷро гаштани вазифаҳои хизматиашон расонида шудааст, даст мекашанд”, - зикр мешавад дар Созишнома.
Созишномаи мазкур дар рӯзи 30-юм пас аз рӯзи ирсол намудани ёддошти охирин эътибор пайдо мекунад ва барои панҷ сол баста мешавад.
Агар се моҳ пеш аз ба итмом расидани муҳлати амали Созишномаи мазкур ягон Тараф ба Тарафи дигар дар бораи қатъи амали Созишномаи мазкур огоҳиномаи хаттӣ нафиристад, пас амали Созишномаи мазкур худ аз худ ба муддати панҷ сол тамдид карда мешавад.