Охири ҳафтаи сипаришуда дар амфитеатри «Муъҷиза»-и шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон доир гардид.

Консерт ба муносибати нахустин сафари расмиии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон муддати солҳои тӯлонӣ, аз ҷониби муассисаҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон – «Базморо» ва «Ӯзбекконсерт» ташкил шуд.

«Аз Тоҷикистон ҳунармандони шинохта – Афзалшоҳ Шодиев, Сироҷиддин Фозилов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова ба Самарқанд омаданд. Акнун ояндаи наздик ният дорем, ки бо муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» сафари ҳунармандони шинохтаи Ӯзбекистонро ба шаҳрҳои Тоҷикистон ташкил кунем», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» директори генералии МД «Базморо» Олим Акрамов.

Тавре ташкилкунандагони чорабинӣ хабар доданд, билетҳо ба консерт дар муддати чанд соат ба фурӯш рафта, дар толори амифтеатри «Муъҷиза» беш аз 3 ҳазор нафар тамошобинон ҳузур доштанд.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.