Коршиносони СММ бо нашри матлабе гуфтаанд, ки санҷиши бокирагӣ як падидаи тиббӣ аст, ки дасти кам дар 20 кишвари ҷаҳон анҷом мешавад.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин санҷишро табибон ва ё ходимони полис бо талаби волидон ва ё домодҳои номзад анҷом медиҳанд. Ҳадафи онҳо санҷидани ин аст, ки оё духтар алоқаи ҷинсӣ кардааст ё на.
Гуфта мешавад, дар бархе ҳолатҳо аз ин санҷиш духтароне мегузаранд, ки қурбонии таҷовузи ҷинсӣ шудаанд ва санҷиши тиббӣ ҷой доштани ҳолати таҷовузро тасдиқ ё рад мекунад. Мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.
Ин нукта дар як изҳороти муштараки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон зикр шудааст, ки дар остонаи шурӯи анҷумани гинеколог ва акушерҳои ҷаҳон дар Бразилия чоп шуд.
Муаллифони ин изҳорот даъват мекунанд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон то рафт дарднок мешавад.
Марказҳои махсуси тиббӣ чунин санҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст. Ин ба маънои надоштани алоқаи ҷинсии ӯ мебошад.
Дар ҷомеаи мусалмонтабори Тоҷикистон бокира будани духтар яке аз меъёрҳои қадимаи арзёбии покдомании духтарон қабул шудааст, ҳарчанд мунаққидони ин падида мегӯянд, чунин тақозо дигар кӯҳнаву қадима мебошад ва набояд ҳамчун меъёри покизагии духтар қабул шавад.