Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори Артиши миллӣ» озмуни мақолаи беҳтарин эълон кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар озмун олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон иштирок карда метавонанд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин чеҳраҳои илмии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.
Мақолаҳои довталабони озмун бояд дар ҳаҷми на кам аз 6 саҳифа пешниҳод шавад. Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон як китоби мукаммали шеърҳо бахшида ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид, ки таҳиягари он муовини мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода буд.
Соли 2017 овозхонон Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед ба ифтихори Пешвои миллат тарона суруданд.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ (зери тахаллуси Ниҳонӣ) дар васфи Президенти Тоҷикистон шеър эҷод кард. Роҳбари Фонди байнулмилалии хайрияи фарҳанг ва маорифи ба номи Шодмон Пӯлодӣ, омӯзгори мусиқӣ Виктория Пӯлодӣ ҳам дар бораи Эмомалӣ Раҳмон шеър навишта, худаш онро ба оҳанг даровард.
Ҳамчунин соли 2017 нависандаи тоҷик ва драматург Абдуғаффори Абдуҷаббор таҳти унвони «Назаркарда» нахустин пйесаи театриро дар бораи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.