Кохи президенти Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе тахриб шуда, ба ҷойи он бинои нав сохта мешавад.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар лоиҳаи Нақшаи генералии пойтахт, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кӯчонидани чойхонаи “Роҳат” пешбинӣ нашудааст: он мисли пешина фаъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, Кохи президент, ки дар паҳлӯи рости он шаҳрдории Душанбе воқеъ аст, шояд вайрон карда шавад. Дар ин ҷо бинои нав бунёд мегардад. Аммо кай ҳукумат ба тахриби бино оғоз мекунад, маълум нест.

“Нақшаи генералии шаҳри Душанбе давра ба давра амалӣ мешавад, лекин вақти дақиқи тахриби ин бино маълум нест”, - хабар дод Маҳмадсаид Зубайдзода.

Дар бораи эҳтимоли кӯчонидани бинои чойхонаи “Роҳат” дар маркази шаҳри Душанбе ВАО ҳанӯз соли 2017 хабар дода буданд. Масъалаи кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз соли 2016 баррасӣ мешавад. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳукумат бо дархости даст кашидан аз кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла, чойхонаи “Роҳат” чандин маротиба муроҷиат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.