Президенти Русия Владимир Путин ба хориҷиёне, ки муҳлати муваққатии будубош ё иқомати доимиашон ба охир мерасад, то 15 сентябр дар Русия ҳузур доштанро иҷоза дод.

Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, бар асари пандемияи коронавирус қаблан ин муҳлат то 15 июн муқаррар шуда буд.

Мувофиқи фармон, то 15 сентябр ба ҷуз иҷозаи кор, патент ва иҷозаи ҷалбу истифодаи кормандони хориҷӣ, муҳалти ҳуҷҷатҳои амалашон ба охир мерасида, аз қабили раводид (виза), иҷозаи зисти муваққатӣ, ҳуҷҷати иҷозаи зист, корти муҳоҷират ва ғайраро дароз кардан лозим нест.

Дар ҳамин ҳол, акнун бидуни берун рафтан аз ҳудуди қаламрави Русия ҳуҷҷатҳоро нав кардан имкон дорад.

Дар давраи аз 16 июн то 15 сентябр шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Русия бо тартиби бидуни талаботи гирифтани раводид меоянд, ҳуқуқ доранд, ки дар бораи додан (дароз кардани муҳлат), дубора ба расмият даровардани патент бе назардошти талабот ба муҳлати муқарраршудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҷиҳати анҷоми расмиёти мақсади сафар  ва хориҷ шудан аз Русия ариза диҳанд.

Дар ҳамин муҳлат корфармоёне, ки барои ҷалбу истифодаи кормандони хориҷӣ иҷоза гирифтаанд, ҳуқуқ доранд, ки барои дароз кардани муҳлати иҷозатнома барои коргарони худ бо ариза муроҷиат кунанд.

“Чунин иҷозатнома бе назардошти талаботи мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба ҳама гуна муҳлат то 15 сентябри соли 2020 дода мешавад (муҳлаташ тамдид мешавад)”, - қайд мешавад дар фармон.

Пардохти маблағи патент аз 18 апрел бо фармони Путин бекор шуд. Ба корфармоён барои ба кор гирифтани хориҷиёни муҳлати амали патенташон гузашта ё чунин ҳуҷҷатҳо надошта иҷоза дода шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷарима кардан барои он манъ шуд. Чунин сабукиҳо замони эпидемияи коронавирус бо сабаби баста шудани сарҳадҳо ҷорӣ шуданд. Вуруди хориҷиёнро ба кишвар ҳукумати Русия аз 18 март манъ кард, ки дар натиҷа мақоми ҳуқуқии аксарияти муҳоҷирони дар Русия ҳузурдошта зери суол қарор гирифт.

Тибқи ин фармон, ҷараёни муҳлати ихтиёрӣ хориҷ шудани хориҷиён аз Русия, ки нибсташон дар бораи ихроҷи маъмурӣ қарор қабул шудааст, низ боздошта мешавад. Ба ин тариқ, то 15 сентябр нисбат ба хориҷиён дар бораи номақбул будани ҳузур, ихроҷ ва истирдод қарорҳо қабул карда намешаванд.

Ғайр аз ин, то 15 сентябр ҷараёни муҳлати ҳузур дар хориҷа барои шахсоне, ки иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳодатномаи барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русияро доранд, низ боздошта мешавад.

Ҳамчунин сарвазири Русия Михаил Мишустин қаблан хабар дода буд, ки шаҳрвандони хорҷӣ барои муолиҷа ва нигоҳубини хешовандон ба Русия ворид шуда метавонанд. 

Қобили зикр аст, ки ВКД Русия нақшаи нави рушди сиёсати муҳоҷиратро таҳия намуд. Дар доираи он дар Русия пойгоҳи иттилоотие таъсис дода мешавад, ки маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии ба кишвар омадаро дар бар хоҳад гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.