Бо парвозҳои махсуси ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” 25 июни соли ҷорӣ 230 шаҳрванди Тоҷикистон аз Москва, 26 июн - 228 шаҳрванди кишвар аз Қазон ва 30 июн - 184 шаҳрванди кишвар аз Новосибирск ба Ватан баргаштанд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, бо парвозҳои мазкур пеш аз ҳама занону кӯдакон ва беморон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Русия дармонда буданд, оварда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамагӣ ташкили 8-то чунин хатсайрҳо пешбинӣ шудааст. Мусофирони ин хатсайрҳо танҳо тибқи рӯйхат муайян шуда, ба беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пирон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бо сафари хизматӣ ба Русия рафтаанд, афзалият дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ВКХ Русия бо ҳукумати Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар пайи ҳалли масъалаи таъмини “долони сабзи транзитӣ” барои шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон мебошанд, ки бо автомашинаҳои шахсии худ ба Русия баргаштан мехоҳанд.

Бино ба маълумоти сафорат, айни замон бо назардошти вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ бар асари пандемияи COVID-19 дар ин кишварҳо, роҳу воситаҳои гуногуни ҳалли мушкили мазкур баррасӣ мешавад.

“Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Консулгарии Русия дар Хуҷанд вазъи шаҳрвандони Русияро хуб дарк намуда, бо намояндагони гурӯҳҳои автомобилистҳо робитаи зич дорад. Рӯйхатҳои умумии маълумот дар бораи шаҳрвандон омода ва ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуданд”, - иттилоъ медиҳад сафорат.

Тваре қаблан зикр гардида буд, ҳукумати Тоҷикистон расман ба транзити шаҳрвандони дармондаи Русия иҷоза дод.

“Бо назардошти вазъи ҷории вобаста ба COVID-19 дар Ӯзбекистону Қазоқистон, инчунин шумори назарраси шаҳрвандони Русия, ки бо автомашинаи шахсиашон ба ватан баргаштанианд, шаҳрвандони худро даъват мекунем, ки сафар ба Русияро бо хатсайрҳои наздиктарини ҳавоӣ бори дигар баррасӣ кунанд ва мо омодаем, ки дар ин кор ба онҳо мусоидат намоем”, - қайд мекунанд дар намояндагии дипломатии Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.