Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо ақидаҳои ифротӣ давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо қабули чанд қарору қонун ва стратегияву барномаҳои махсус заминаи ҳуқуқии мубориза бо ифротгароиро муҳайё намуд. Бо вуҷуди ин ҳамоно аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Яке аз роҳҳои муҳими ба доми мағзшӯёни гурӯҳҳои ифротӣ наафтодан, ин доштани дониши диниву дуниявии мукаммал, рушди тафаккури интиқодӣ мебошад, ки бо доштани чунин сармоя ва зарфият имкони таҳлил ва санҷиши маводи аз ҷониби гурўҳҳои ифротӣ паҳну пахшшаванда пайдо мешавад. Вале дар баробари ин, саволе ба миён меояд, ки оё мешавад, бо китобу китобхонӣ ақидаҳои ифротиро пешгирӣ намуд? Чун адабиёти мо саросар аз панду насиҳат ва ситоиши накуию мазаммати бадӣ мебошад. Мантиқан он бар зидди ифротгароӣ ва ҳамагуна падидаҳои номатлуб нигаронида шудааст, вале дар таҷриба ба таври мукаммал ҳануз истифода намешавад ва ҳамчун садди роҳи гаравиши ҷавонон ба ифротгароӣ баромад намекунад. Сабаб чист? Чаро китобу китобхонӣ наметавонад, ҷавононро аз ин роҳҳо гардонад? Дар матлаби зер мо кӯшиш намудем ба ин суолҳо посух дарёбем.
Таҳлилгарон ва адибон бар ин назаранд, ки агар ҷавонон ба китобу китобхонӣ бештар рӯй оваранд ва шароите барои онҳо муҳайё шавад, ки тавассути интернет тавонанд китобҳои электрониро дастрас ва мутолиа кунанд, то андозае пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ гирифта мешавад. Вале дар баробари ин бояд ҷавонон мушаххас донанд, ки кадом китобро мутолиа менамоянд.
Вақте аҳли адаб дар кишвар рӯз мегузаронанд...
Адиби тоҷик Абдуқодир Рустам бар ин назар аст, ки ифротгароӣ, таассуботи мазҳабӣ, таҳаммулнопазирӣ бештар дар ҷомеаҳое рушд ва ҷонибдорони зиёд пайдо мекунанд, ки он ҷомеаҳо фоқиди андеша ҳастанд ва ё андешаҳояшон маҳдуд аст.
Ба гуфтаи вай сабаби таассубу ифротгароӣ гоҳе чаласаводӣ ва гоҳи дигар таваҷҷуҳ танҳо ба догмаҳои динӣ аст. Китоб, аз сӯйе манбаи донишҳои мухталиф аст, ки ҷаҳонбиниро тавсеа медиҳад ва аз сӯйи дигар суол матраҳ мекунад ва нисбат ба догмаҳои динию мазҳабӣ шакку шубҳо пайдо шавад.
Ба таъкиди номбурда беҳтарин маъхази андеша ва тафаккур китоб аст ва аз ин рӯ, ба китобу китобхонӣ рӯй овардани ҷавонон боиси коҳиши ифротгароӣ ва таассуботи динию мазҳабӣ мешавад.
- Солҳои охир, мутаассифона, китобхонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфт. Сабаби ин амр, қабл аз ҳама беқадрии дониш ва донишварон аст. Ба сабаби иқтисоди вомонда аҳли донишу адаб дар Тоҷикистон зиндагонии шоиста надоранд, зиндагӣ намекунанд, балки рӯз мегузаронанд, ки ин иллати асосии аз китобхонӣ дур шудани ҷавонон гардид, - мегӯяд А. Рустам.
Ин адиби тоҷик пешниҳод дорад, ки барои бештар ба китоб рӯй овардани ҷавонон, бояд донишмандон, мутахассисон, аҳли адабу ҳунар маоши шоиста дарёфт бикунанд ва зиндагии шоиста дошта бошанд.
Ифротиён низ китобхонанд…
Воқеан ҳам фазилат, ки дар муқобили разилатҳо қарор дорад, ин ҳолати миёна ва ё эътидол мебошад, ки аз амали ақлонӣ ва огоҳона вобаста мебошад ва чунин амали огоҳона ва ақлонӣ танҳо тавассути хондан ва омӯзиш имконпазир аст.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Нуриддин Шаҳобиддинов мегӯяд, агар китобхонӣ хусусияти оммавӣ касб намояд ва миқдори омӯзиш боиси ба вуҷуд омадани тағйироти сифатӣ, яъне тағйирот дар огоҳии инсонҳо гардад, он метавонад пеши роҳи ҳамагуна ифротгароиро бигирад. Сабаби ба ифрот ва тафрит даст задан ин маҳрум будан аз амали дар асоси огоҳӣ бавуҷудомада мебошад.
- Китобхониро бояд на ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ шинохт, зеро он наметавонад, дар таҳрики огоҳӣ таъсиргузор бошад, балки ба як амали механикӣ табдил ёбад. Бояд бо миқдор худро фирефта насохт, агар адабиёт ҳадафмандона интихоб нагарданд омӯзиши бисёр наметавонад, ки натиҷаи самарабахше ба бор оварад. Дар баробари китобхонӣ, бояд шиддати таъсири он ба огоҳиро низ ба эътибор гирифт. Зеро ягона омили таъсиргузор ба зеҳнҳо ин амали китобхонӣ нест. Масалан, агар шиддатнокии китобхонӣ дар зеҳни инсонҳо нисбат ба шиддатнокии таъсири технология пешрафта ва бахусус таъсири Интернет ва шабакаҳои гуногун қавитар бошад, он гоҳ он метавонад бо ифротгароӣ ва ҳар амали дигари зиёновар зиддият варзад, аммо агар шиддатнокии китобхонӣ заиф бошад ва ин иқдом дар новобастагӣ аз чорабиниҳо инкишоф наёбад, он ба як амали намоишкорона табдил ёфта дар кутоҳтарин муддат обу ранги худро аз даст медиҳад, - гуфт Н. Шаҳобиддинов.
Ба андешаи мавсуф фоизи зиёди ифротгароён низ аз китобхонӣ баҳраманд ҳастанд ва онҳо маҳз аз адабиёте истифода мебаранд, ки онҳоро маънаван барои ифротгаро гардидан омода месозанд ва ба ҷуз аз адабиёти ифротигароӣ ҳеҷгуна адабиёти дигареро эътироф намекунанд.
Вай пешниҳод намуд, ки ба хотири сарсарӣ нагузаштан аз маъракаи китобхонӣ, бояд ҷанбаҳои дигари ин маърака, бахусус муҳтавои китобҳои хондашударо низ бояд ба назар гирифт ва як стратегияеро омода сохт, ки дар раванди китобхонӣ хонанда дорои огоҳии зарурӣ гардад ва дар ин сурат нақши китобхониро метавон арзанда ҳисобид.
Вале мегӯяд, танҳо бо як амали китобхонӣ ҷавононро аз шарри ифротгароӣ наҷот додан имконпазир нест. Чунки ифротгароӣ воқеиятест, ки сарчашмаи он фақат аз китобхонӣ дур мондани ҷавонон нест, балки омилҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ё сиёсӣ боис гардидаанд, ки чунин як падидаи манфӣ ба вуҷуд биёяд. Танҳо бо амали китобхонӣ гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ нокифоя мебошад, барои ин як барномаи дарозмуддат ва фарогире лозим аст, ки китобхонӣ як бахши онро ташкил медиҳад.
- Маъракаи китобхонӣ ва умуман барномаҳои таълимӣ бояд тарзе роҳандозӣ гарданд, ки боиси ба вуҷуд омадани ҷаҳонбинии илмии ҷавонон гарданд ва маҳз ҷаҳонбинии илмӣ метавонад пеши роҳи ифротигароиро бигирад. Мутаассифона, дигар ҳангоми омодасозии барномаҳои таълимӣ унсурҳои педагогӣ ва ё психологӣ ба назар гирифта намешаванд ва ин ҳеҷ вақт дар роҳи пешгирии ифротгароӣ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Зеҳни як ҷавони имрӯза чандин маротиба таъсирпазиртар аз маводҳои интернетӣ тавассути телефони дастиаш аст, нисбат ба таъсири адабиёти мо. Фарҳанги мо дигар таъсиргузор нест, балки ба тариқи боварнакарданӣ таъсирпазир мебошад. Таъсири фарҳангҳои пешрафта дар зеҳниятҳои ҷавонони мо қавитар ҳастанд нисбат ба таъсири адабиёти худамон. Ҳангоми баррасиҳо бояд ин воқеиятҳоро ба назар гирифт., - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Пеш аз ҳама бояд донист, ки кадом китобро мехонем
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар мавриди хондани китоб пеш аз ҳама бояд донист, ки кадом китобро мутолиа менамоем ва муаллифаш кӣ асту бо ин китобаш ба ҷомеа чӣ паём додан мехоҳад. Чунки мегӯянд, онҳо дар ҷомеа китобҳое ҳастанд, ки воқеан ҳам бо хондани он ҷавонон ифротӣ ва миллатгаро (насист) мешаванд.
Низоъшинос Фариддун Ҳодизода мегӯяд, пеш аз ҳама бояд муайян намуд, ки кадом китобро мехонем, чунки ҳастанд китобҳое, ки ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ мебаранд.
- Масалан, агар ҷавонони мо китобҳои баъзе нависандаҳои Ғарбро мутлоиа намоянд, ифротгаро ва фашист мешаванд. Аз ин рӯ, инҷо донистан лозим аст, ки киро ва кадом китобҳоро бояд хонд, - мегӯяд Ф. Ҳодизода.
Ба таъкиди ӯ дар аз як тараф агар ҷавонон китобҳои шоирон ва нависандагони классики форсу тоҷикро мутолиа намоянд, ифротгаро намешаванд. Вале аз аз тарафи дигар бояд гуфт, ки ин навиштаҳо барои ҷавонон нофаҳмо ва ё мушкилфаҳм аст. Барои онҳо шарҳ лозим аст. Масалан, баъзе мисраъҳои классикони моро ҳатто калонсолон дарк карда наметавонанд. Барои ин як шарҳи калони илмӣ-оммавӣ лозим аст.
- Ҳамаи чиз аз мактаб оғоз меёбад. Тарбия, таълим бояд дар мактаб дуруст ба роҳ монда шавад, то дар оянда ҷавонон роҳи дурусти худро интихоб кунанд. Бештари чизҳо аз интихоб вобастагӣ дорад, ки кадом китобро мехонед, дар кадом муҳит ба воя мерасед ё дар кадом мактаб зери дасти кадом муаллимон тарбияву таълим мегиред. Ин дар оянда барои инсони комил шудан таъсиргузор аст, - мегӯяд Ф. Ҳодизода.
Мавсуф бо изҳори таассуф қайд намуд, ки имрӯз баъзе ҷавонон Рӯдакиву Айниро намешиносанд ва аз Ҳофизу Саъдӣ ғазал намедонанд.
Фаридун Ҳодизода ба хотири дуруст ба роҳ мондани мубориза бо ақидаҳои ифротгароӣ тавассути китоб ва китобхонӣ, пешниҳод намуд, ки иқдомҳое, ки Тоҷикистон аз соли 1991 то 1993 дар соҳаи фарҳанг ва маориф қабул кард, даст кашад ва он сиёсати соҳаи маорифе, ки аз соли 1928 ин тараф қабул шуда буд, эҳё кардан лозим аст. Чунки он сиёсат дуруст ва саривақтӣ аст.
- Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони тамоми соҳаҳоро ба ҷанг мебурданд, вале ба хотири он ки насли оянда бесавод нашавад, муаллимонро ба ҷабҳа намебурданд. Вале мо барои дастгирии муаллимон аз солҳои 90-ум ин тараф чӣ кор кардем? Ҳамаи омӯзгоронро «куштем». Ҳамаи муаллимони хуб мактабҳоро тарк карданду бозоршинӣ карданд. Маоши онҳоро паст намудем ва онҳо маҷбур шуданд, ки кишварро тарк кунанд. Натиҷааш имрӯз ба ҳамагон маълум аст: қисме бесавод, қисме дар муҳоҷират ва қсими дигар ба гурӯҳҳи ифротиву иртиҷоӣ шомил шудаанд, - мегӯяд Ф. Ҳодизода.
«Илм болотар аз ибодат аст»
Ба таъкиди Абдуқодир Талбаков, директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аксари ифротиён бесавод ва чаласаводанд, чунки пиронашон баъзе домулоҳои камсавод ва мутаассиб мебошанд.
- Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадисаш мефармояд, ки «илм болотар аз ибодат аст». Аз ин рӯ, ҳатман китоб, маърифат ва фарҳанг метавонад, пеши роҳи фанатизмро бигирад. Вақте, ки инсон, огоҳ, вораста, худшинос ва сортопо маърифатнок аст, албатта дар зиндагӣ раҳгум намезанад, пайроҳаи худро меёбад ва андешаи шахсии худро дар муқобили равандҳои иҷтимоӣ дорад, - мегӯяд А. Талбаков.
Номбурда гуфт, барои ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ пеш аз ҳама бояд таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз хурдӣ меҳри китобу китобхонӣ дар дили кӯдакон ҷой дода шавад.
- Соли гузашта Президенти Фаронса Эмуниел Макрон пешниҳод намуд, ки кӯдакони се сола ҳатман дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд ва таъминоти молиявиашон пурра аз ҳисоби давлат сурат мегирад. Падару модаре, ки саркашӣ мекунанд ё кӯдакашонро ба ин муасисаҳо намедиҳанд, ҷазо таъин мешавад. Чунин иқдомҳо бояд дар кишвари мо низ дастгирӣ ёбад ва мавриди амал қарор гирад, - афзуд А. Талбаков.
Вай гуфт, ки ҳамчунин, дар нашру таҳияи китобҳо низ набояд саҳлангорӣ кард ва вобаста ба психология, андеша назар ва афкор китобҳои гуногун таҳия шаванд.
Ӯ бо изҳори таассуф изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон китобҳои иттилоотии электронӣ хеле каманд ва сари ин масъала бояд масъулин андеша кунанд. Ҳамаи чизро аз кӯдакӣ бояд ба ҷавонон фаҳмонд, то дар оянда худро гум накунанд. Бар замии ин бояд китобҳои берун аз мактабии хонандагон низ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикитсон тавсеа ёбад ва барномаи махсус дар ин бора таҳия, қабул ва амалӣ гардад.
- Як кӯдаки рӯс, фаронсавӣ ё кишвари дигар то хатми мактаб даҳҳо китобҳое, ки зеҳни онҳоро қавӣ мекунад, ба монанди «Чӣ, Кай, Дар куҷо» -ро хатм мекунад. Вале дар мо тақрибан чунин чизҳо вуҷуд надорад, - мегӯяд номбурда.
Дар Тоҷикистон китобҳои иттилоотии электронӣ каманд
Воқеан, дар фазои маҷозии Интернет китобҳои электронӣ каманд ва дар сомонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шумори хело ками китобҳои электронии адибони тоҷик ҷой карда шудааст. Бархе аз китобхонаҳо, ба мисли Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ то ҳол сомонаи расмии худро надоранд.
Дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бахши алоҳидае таҳти унвони «Китобхонаи электронӣ ройгон дар шакли .PDF» мавҷуд аст, ки дар он баъзе китобҳои адибони форсу тоҷик ба таври элетронӣ ҷой дода шудааст. Хоҳишмандон метавонанд, бо аъзо шудан ба сомонаи мазкур китобҳои мавҷударо боргирӣ ва мутолиа намоянд. Вале он дар муқоиса бо адабиёте, ки мо дорем ба маротиб камтар аст.
Мутаассифона, Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ то ҳол сомонаи расмии худро дар интернет надорад ва масъулин иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 1 окятбри соли равон китобхона соҳиби сомонаи расмӣ хоҳад шуд.
Зимнан, дар сомонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирї низ ба ғайр аз феҳрести китобҳо, ки дар бораи онҳо маълумот медод, худи китобҳои электрониро пайдо накардем.
Ҳамчунин дар шабкаи иҷтимоии «Фейсбук» гурӯҳе бо номи «Китобхона» амал мекунад, ки бо баъзе китобҳо ба таври дастаҷамъӣ омода шуда, дар гурӯҳ ҷой мешавад. Тибқи мушоҳида гурӯҳ фаъол буда, дар он ҳамарӯза як-ду китоби электронӣ гузошта мешавад. Ҳамчунин, бо дархости корбарони шабкаи иҷтимоӣ «линк»-и китоби электронї ба хоҳишмандон пешниҳод мегардад.
Дар сомонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам зери рубрикаи «Асарҳо» номгӯи ашъори адибони муосири тоҷик ҷой дода шудааст. Мутаассифона, аз адабиёти классикии форсу тоҷик асаре пайдо накардем.
Дар сомонаи Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд китоби электронӣ дар рубрикаи алоҳида ҷой дода шудааст, вале миқдорашон хело кам аст.
Бояд гуфт, ки бо рушди техникаву технология, имрӯз ҷавонон бештар вақти худро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва ё умуман, интернет мегузаронанд. Худи китоб ба онҳо то ҷое дастрас нест ва дастрас ҳам бошад, нархашон нисбатан гаронтар аст. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, ки китобҳоро дар интернет боргирӣ кунанд ва мутолиа намоянд. Вале зимни ҷӯстор дар «Гугл» ва «Яндекс» маълум шуд, ки китобҳои шоирони классики форсу тоҷик ва баъзе навиштаҳои адибони мусор низ дар сомонаҳои китобхонаҳо ва умуман интернет мавҷуд нест. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд, ки барои омода ва ҷойгир намудани китобҳои адибон дар интернет чораҷӯӣ намоянд, то ҷавонон тавонанд, ки аз онҳо истифода кунанд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста