“Тоҷикистон аз истифодаи воксини AstraZeneca даст накашида, аз он истиқбол мекунад”, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода.
“Мо омодагӣ гирифта, барои воксинзанӣ чорабинҳо мегузаронем, - итминон дод вай. - Лекин ҳамаи рӯйдодҳои атрофи ин ваксинаро пайгирӣ дорем. Тамоми ҳолатҳои ба бемориҳои дуюмдараҷа гирифтор шуданро сабт мекунем. Ҳамаи касоне, ки ваксина мегиранд, аз ҷониби Вазорат таҳти муоина қарор мегиранд”.
Ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон Барномаи милии воксинзании аҳолӣ қабул карда шуд
“Дар навбати аввал тибқи барномаи COVAX 20%-и аҳолӣ ваксиназанӣ мешаванд. Дар доираи ин барнома ба Тоҷикистон ҳамагӣ 624 000 воя (доза)-и ваксина оварда мешавад”, - хабар дод Ализода.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар доираи Барномаи миллии воксинзании гуруҳҳои мақсаднок дар ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шудаанд, ки дар қадами аввал ин гуруҳҳо воксин зада мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи барномаи COVAX рӯзи 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192 ҳазор вояи ваксинаи COVISHIELD оварда шуд. Ин ваксинаи Oxford-AstraZeneca буда дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад.
“Тайи солҳои охир зидди полиомиелит, сурхак ва дигар бемориҳо ваксина гирифта, хурӯҷи дигар бемориҳои дуюмдараҷаро аз он мушоҳида накардем. Пажӯҳишгоҳи хуноба (сыворотка) дар Ҳиндустон, ки дар он ваксинаи COVISHIELD истеҳсол шудааст, дармонгоҳи дорои гувоҳномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Онҳо аллакай 28 млн вояи ваксинаи COVISHIELD-ро ба саросари дунё фиристоданд. Асосан ба Украинаву Молдова ва дирӯз онро Ӯзбекистон қабул кард. Қобили зикр аст, ки Аврупо аз ҳамон ваксинаи AstraZeneca истифода мебарад, ки дар Аврупо истеҳсол шуда, дигар кишварҳоро Ҳиндустон таъмин мекунад", - иброз дошт Ализода.
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ, айни замон Тоҷикистон барои гирифтани ваксинаҳо аз дигар кишварҳо низ тадбирҳо меандешад:
“Масалан аз Чин. Кор бурда истодаем. Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд кумак мекунанд, - изҳор дошт ӯ. - Ваксинаи AstraZeneca-ро ба қайд гирифтем. Айни замон оид ба қайди ваксинаи русиягии “Спутиник” ва ваксинаи “CoronaVac”-и Чин корҳо ҷараён доранд”.
Муовини вазир изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом ваксина эм гирифтанро худашон интихоб мекунанд.
Ализода ҳоло санаи дақиқи оғоззи ваксиназаниро номбар накарда, вале хабар дод, ки дар навбати аввал онро кормандони тиббӣ мегиранд.
Ҳамаи онҳо ваксинаро ихтиёрӣ ва бепул мегиранд. Дигар шаҳрвандони боқимондаи кишвар низ.
Барои як нафар ботанаффуси 8-12 ҳафта ду воя гузаронида мешавад. Пас аз гирифтани ваксина ба одамон сертификати махсус ба монанди “шиносномаҳои сабз”-и Аврупо дода мешавад.
“Дармонгоҳҳои хусусӣ низ ваксинаи зидди короавирус харида метавонанд, лекин барои ин онҳоро лозим меояд, ки ваксинаро дар Вазрати тандурустӣ ба қайд гузоранд”, - гуфт муовини вазир.
Чанде аз давлатҳо аз AstraZeneca даст кашиданд
Қобили зикр аст, ки бар асари мушкилӣ пеш овардан ё ба бемории дигар дучор гардидан пас аз гирифтани ваксинаи AstraZeneca, чанде аз кишварҳои Аврупо ва дигар давлатҳо, аз қабили Австрия, Дания, Норвегия, Исландия, Испания, Руминия, Таиланд, Булғористон, Эстония, Литва, Люксембург, Кипр, Латвия ва Италия, инчунин Фаронса ва Олмон аз истифодаи ин ваксина даст кашиданд ё онро ба таъхир гузоштанд.
Хадамоти санитариву эпидемиологии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон чанде пеш эълон кард, ки ин кишвар хулосаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар бораи ваксинаи AstraZeneca мунтазир аст ва танҳо баъди он дар бораи истифода бурдан ё даст кашидан аз он тасмим гирифта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста