Хориҷиёне, ки дар ҷанҷолу муноқишаҳои гурӯҳӣ дар қаламрави Русия иштирок мекунанд, аз ин кишвар хориҷ ва бозпас вурудашон ба Русия манъ мешавад.

Огоҳӣ дар ин бора дар сомонаи ВКД Русия нашр шудааст.

“Ахиран ҳодисаҳои сар задани муноқишаҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ зиёд шуда, дар ҳамин ҳол, чанде аз ин ихтилофҳо гурӯҳиву дар маърази ом рух доданд. Ҷанҷолу муноқишаҳо дар як қатор субъектҳои Русия, аз ҷумла вилоятҳои Амурску Маскав ва Свердловск, Ҷумҳурии Доғистон, шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург рух доданд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ҳолатҳои зӯроварӣ, ки ба ҳаёту амнияти шаҳрвандон хатар эҷод мекард, инчунин истифодаи қувва нисбати намояндагони ҳокимият, монеъасозӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳаракати нақлиёт ҷой дошт.

“Нисбати шаҳрвнадони хориҷӣ аз ҷониби мақомоти судӣ дар бораи ҷалби онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ бо таъини ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз қарорҳо содир шуданд.

Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ доштани амалҳои содиршуда дар бораи манъи вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷии зикршуда қарор қабул шуд. Агар онҳо мустақилона қаламрави Русияро тарк накунанд, дар мавриди ихроҷи онҳо тадбирҳо андешида мешаванд”, - гуфта мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, ВКД Русия зикр мекунад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мавриди пешгирии амалаҳое, ки ба вайрон шудани тариботи ҷамъиятӣ ва амният боис мегарданд, тамоми чораҳои тибқи қонунгузории Русия пешбинишуда рӯйи даст гирифта хоҳанд шуд.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки қонушиканӣ ё ҷиноят содир мекунанд, ба масъулияти тибқи қонун пешбинигардида ҷалб мешавад”, - илова шудааст дар маълумоти ВКД Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.