Дар Тоҷикистон марҳилаи озмоишӣ (пилотӣ)-и барномаи электронии сабти ҷавонони бекор ва бекасб оғоз гардида, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шурӯъ шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати меҳат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии барнома муайян ва мушаххас намудани ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ва дар ин замина ба касбомӯзӣ ва ба ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони кишвар унвон мешавад.
Барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар аз 21 майи соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст.
Моҳи майи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонон бо намояндагони насли наврас дидору мулоқот кард.
Он замон президент ба масъалаи бекорӣ байни ҷавонон дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ зикр кард, ки ҳамасола зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори кори ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Президент он вақт ба вазорату идораҳо ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дода буд, ки рӯйхати ҷавонони бекорро тартиб диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки зиёда аз 70%-и ҷойҳои корие, ки фароҳам оварда мешаванд, бояд барои ҷавонон пешбинӣ шуда бошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.