Имрӯз, 1-уми декабр, Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар хабар дод. Ин ниҳод дар сомонаи расмиаш, ки хабари анҷоми маъракаи даъвати ҳарбиро нашр кардааст, ба таври мушаххас нагуфтааст, ки нақша дар шаҳру навоҳии кишвар чанд дарсад иҷро шудааст.
Онҳо танҳо ба таври умумӣ гуфтаанд, ки “Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чаҳор навоҳии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд”.
Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дарёфти иттилои муфассал оид ба иҷро нақша аз Вазорати дифои Тоҷикистон, аз ҷумла дар хусуси чанд дарсад иҷро гардидани нақшаи даъват дар сатҳи вилоятҳо беантиҷа анҷом ёфт.
Ин ниҳод ҳамчунин, гуфтааст, ки бо вуҷуди он ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро гардид, вале тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ, ҷавонони синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.
Вазорати мудофиа аз мақомот ва ҷавонону волидоне, ки дар ин давра фарзандонашонро ихтиёрӣ ба хизмат фиристодаанд изҳори миннатдорӣ кардааст.
Эълони иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки дар рӯзҳои охири маъракаи даъвати ҳарбӣ шикоят аз гусели иҷбории ҷавонон ба хизмат зиёд шудааст. Аз ҷумла, як рӯз пеш аз иҷрои нақша, аз чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки мақомот волидайни даъватшавандагонро ба "гарав" гирифта, аз онҳо “талаб мекунанд, ки фарзандашонро, ки аксаран дар хориҷи кишвар қарор доранд, баргардонида, ба артиш фиристанд”. Мақомот ин иддаоро рад мекунанд.
Аз ҷумла, Радио Озодӣ, имрӯз, 1 –уми декабр хабар дод, ки дирӯз, 30-юми ноябр чанд сокини ноҳияҳои Ёвону Рашт аз ҷалби иҷбории фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ шикоят кардаанд ва гуфтаанд, ки мақомот барои ҷалби фарзандонашон ба артиш онҳоро зери фишору таҳдид қарор додаанд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол ин чиз тақрибан мушоҳида намешуд.
Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро иҷборан ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
Ташаббускори арзоншавии барқ. Баҳром Сироҷев – роҳбари пешини “Барқи тоҷик” 85-сола шуд
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста