Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, шаби гузашта, 5-уми июн, бар асари бемории саратони ғадуди зери меъда дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, нависанда дар сесолаи ахир аз ин беморӣ ранҷ мекашид ва табобат мегирифт, наздики соати 22:00 дар хонааш аз олам чашм пӯшид. Ӯ 77 сол дошт.
Маросими видоъи Саттор Турсун имрӯз, соати 12:00 дар назди хонааш, кӯчаи Асадулло Ғуломов 3 (рӯбарӯи “Автовакзал”), баргузор шуда, соати 13:00 дар Масҷиди марказии пойтахт ҷаноза мешавад.
Ин Нависандаи халқии Тоҷикистонро дар Оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.
Аҳли қаламу адаб даргузашти Саттор Турсунро талафоти бузург дар ҷомаеи адаби Тоҷикистон унвон карда, саҳми ӯро дар адабиёти тоҷик беназир медонанд.
Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушода буд.

Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистонро хатм кард. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кард.
Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Соли 1993 аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд.
Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.
Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976-1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот» маъруф аст. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад. Соли 1994 нависанда Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон гардид, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони нависанда ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
“Муносибат бояд тағйир ёбад”. Дар Тоҷикистон филиали боз як бонки хориҷӣ ифтитоҳ мешавад
Дар Русия ду бародаре, ки дар Тоҷикистон ҳамзисти хоҳарашонро кушта буданд, боздошт шуданд
Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёӣ соҳиби нишони нуқра гардид
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2025 баррасӣ кард
"Қасос барои аз кор рондан". Милитсияи Суғд сабаби сӯхтор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ошкор кардааст
“Ба зимистон омодагӣ мебинем”. Дар манотиқи Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст
Дар Тоҷикистон “Мураббии соли-2023” муайян гардид
Миёни фавтидагони неруҳои посдори сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ зодаи Тоҷикистон ҳам ҳаст
Роҳи мошингарди Душанбе - Қулма қисмате аз долони байнмиминтақавии мултимодалӣ мешавад
Рамазон Қодиров навореро нашр кард, ки дар он писараш нафари Қуръонро оташзадаро латукӯб мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста