Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома аҳолиро аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ огоҳ карда, эътироф намудааст, ки манфиатдори ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ нест, аммо вазъ инро талаб мекунад. Ин муроҷиат дар пайи шикояти сокинони баъзе манотиқи кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ нашр мешавад.
Дар муроҷиатномаи ҶСК “Барқи Тоҷик”, ки АМИТ “Ховар” интишор намуд, оид ба захираи кофии оби дарёи Вахш дар обанбори НБО Норак, аммо кам гардидани ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта иттилоъ дода шуда, бо такя ба “хулосаи мутахассисони соҳа” таъкид мегардад, ки имсол низ норасоии мавсимии неруи барқ эҳсос хоҳад шуд.
“...аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ шудааст ва вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии мамлакат ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд”, - навиш ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар ин муроҷиатнома бори дигар аз аҳамияти “анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо” ёдовар шуда, зикр мекунад, ки айни ҳол “дар якчанд зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд”.
Зикр мегардад, ки дар ин ниҳод “ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд”.
Муроҷиатномаи ҶСК “Барқи Тоҷик” замоне нашр мешавад, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар маҳалли зисташон бо ҳар баҳона интиқоли барқ қатъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ, бо оғози мавсими зимистон сокинони баъзе манотиқи кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шикоят мекарданд, аммо масъулин инро ба анҷоми корҳои таъмирӣ рабт медоданд. Пас аз таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ бекор шуд, аммо шикояти сокинон боз ҳам идома кард.
Бо гузашти тахминан се ҳафта аз ин таъкид, ҶСК “Барқи Тоҷик” расман эълон кард, ки дар кишвар аз 1-уми феврали соли 2023 расман маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад.
Танҳо бо фарорасии фасли баҳор маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ пурра барҳам дода шуд.
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Комиссияи марказии интихобот 2 номзади Ҳизби демократро ба қайд нагирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2025
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста