Дар Русия рушди бозори меҳнат тавассути "баланд бардоштани сатҳи идоракунии ҷалб"-и муҳоҷирон баррасӣ мешавад. Бо ин мазмун дар яке аз машваратҳои байниидоравӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазир Татяна Голикова лоиҳаи дахлдор муаррифӣ шуд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Воситаи асосӣ барои ин беҳбуди ҷалби ҳадафнок (муташаккилона)-и коргарони хориҷӣ хоҳад буд.

Аз ҷумла, як идеяи дигар ташкили лоиҳаи федералии алоҳида барои "баланд бардоштани имконоти кадрҳо" дар хадамоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ мебошад.

Сохтори лоиҳаи миллии "Кадрҳо" ҳоло тасдиқ нашуда, мундариҷаи ояндаи ин лоиҳа коркард мешавад, хабар додаанд ба РБК дар хадамоти матбуотии Вазорати меҳнат.

Сурат: Lori

Муҳоҷирати муташаккилона

Лоиҳаи миллии "Кадрҳо" бояд аз соли 2025 мавриди амал қарор гирифта он барои мутобиқ кардани ниёзҳои тағйирёфтаи иқтисод ва пешниҳодҳо дар бозори меҳнат равона мешавад.

Пештар Голикова чор лоиҳаи федералиро дар доираи он эълон карда буд – оид ба шуғли хатмкунандагон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, кам кардани давомнокии корношоямии муваққатӣ ва тағйири равишҳо ба рушди касбии шаҳрвандони машғули кор.

Тибқи маълумоти мусоҳиби РБК дар ҳукумати кишвар, сохтори лоиҳаи миллиро дар иҷлосияи стратегии ҳукумат дар охири моҳи июл баррасӣ мекунанд.

Тибқи маводҳое, ки РБК дар ихтиёр дорад, ба лоиҳаҳои федералие, ки муовини сарвазир номбар кардааст, боз дутои дигар илова карда мешаванд.

Лоиҳаи федералии "Муҳоҷирати меҳнатии босифат"

Дар ин лоиҳа "баланд бардоштани идоракунии ҷалби" коргарони хориҷӣ тавассути рушди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст. Барои ин нақшаи таъсиси оператори ҷалби муташаккилона – ширкати "Кор дар Русия" баррасӣ мешавад. Тавре дар Вазорати меҳнат тавзеҳ дода буданд, он "амалан ҳамчун маркази кадрҳо барои ширкатҳои Русия фаъолият хоҳад кард".

Дар байни дигар чорабиниҳои лоиҳаи миллӣ дар берун аз ҳудуди Русия анҷом додани як қатор расмиёт (масалан, муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия), санҷиши дониши забони русӣ), вобаста кардани коргари хориҷӣ ба корфармо ва афзудани сафи кишварҳо барои ҷалби муташаккилонаи коргарон номбар шудааст.

Дар мавод гуфта мешавад, дар назар аст, ки то соли 2030 тибқи ҷалби ҳадафнок "на камтар аз 300 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия меоянд".

Айни замон чунин як восита вуҷуд дорад: масалан, байни Русия ва кишварҳое чун Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишномаҳои дахлдор ба имзо расидаанд, ки мувофиқи онҳо ҷалби коргарони муҳоҷир дар доираи ҷалби муташаккилона бар асоси шартномаи меҳнатӣ бо корфармои Русия сурат мегирад.

Қаблан Вазорати меҳнат пешниҳод карда буд, ки ҷалби муташаккилона ҳамчун воситаи асосии ҷалби қувваи корӣ аз хориҷ ба кор бурда шавад, то аз "вуруди бетартибонаи шаҳрвандони хориҷӣ барои шуғл ва номувофиқатии касби онҳо ба ниёзҳои бозори меҳнати миллӣ" пешгирӣ шавад.

Вазорат лоиҳаи алоҳидаи қонунеро таҳия кардааст, ки ин тартиботро танзим мекунад, аз ҷумла, муҳоҷирон ба тарки кишвар дар давоми 30 рӯз пас аз қатъи пеш аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо ширкат уҳдадор мешаванд.

"Механизми пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки кормандон бо назардошти ихтисос интихоб ва ҳолатҳое, ки корманд пас аз анҷоми расмиёти зарурии ҳуҷҷатҳо ба бозори меҳнати озод мебарояд, истисно шавад", - тавзеҳ додаанд дар вазорат.

Дар семоҳаи якум - 358 ҳазор тоҷикистонӣ

Оид ба зарурати тағйир додани сиёсати муҳоҷират пештар раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин изҳори назар карда буд. Охири моҳи июн дар Форуми байнулмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург Бастрикин аз Думаи давлатӣ даъват кард, ки лоиҳаи қонунҳои мувофиқ ба "шиддати вазъият" нисбат ба муҳоҷирон қабул карда шавад.


“Ин ҷо вакилон нестанд? Шумо вакилед, ҳа? Лутфан бигӯед, ки дар Думаи давлатӣ чӣ мегузарад, онҳо аслан ба қабули қонунҳои нав, ки ба шиддати вазъият мувофиқанд, манфиатдор ҳастанд?" - гуфт раиси Кумитаи тафтишот.

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия, дар семоҳаи аввали соли 2024 хориҷиён бо мақсади кор ба ҳудуди Русия 1,4 миллион маротиба ворид шуданд. Аксарияти онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон (689 ҳазор нафар) ва Тоҷикистон (358 ҳазор нафар) мебошанд.

Тибқи маълумоти Росстат (Идораи омори Русия), соли 2023 аз кишварҳои ИДМ 491 ҳазор нафар ба Русия омадаанд. Омори Хадамоти федералии амнияти Русия ва Росстат фарқ мекунад: Хадамоти федералии амният гузариши сарҳадро ҳисоб карда, Росстат бошад, хориҷиёни сабтшуда дар ҷойи истиқомат ё макони иқомати муваққатиро ҳисоб мекунад.

Имрӯзҳо, барои кори қонунӣ дар Русия муҳоҷирон ба сурати умум иҷоза ё патент мегиранд. Аммо барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) - Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистон - шароити махсус барои кор амал мекунад: онҳо уҳдадор нестанд, ки патент гиранд ва метавонанд бар асоси шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ кор кунанд.

"Дар Русия як қатор бахшҳои иқтисод мавҷуданд, ки ба муҳоҷирон сахт вобастаанд, аз ҷумла сохтмон, Хоҷагии манзилию коммуналӣ (ЖКХ), бахши кишоварзӣ, корҳои мавсимӣ, - мегӯяд муовини президенти Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Русия (РСПП) Федор Прокопов. - Маҳз онҳо ҷалби муташаккилонаро бештар эҳсос хоҳанд кард. Аммо ин механизм ҳоло мавриди санҷиш қарор дошта, "бар зидди он чизе гуфтан душвор аст".

Ба ақидаи ӯ, аз нуқтаи назари корфармо, усули ҷалби қувваи корӣ аз хориҷ дар асл дуюмдараҷа аст.

"Ба корфармо фарқ надорад - ҷалби муташаккилона ё дигар механизмҳо. Агар талабот ба коргарон вуҷуд дошта бошад ва норасоии кадрҳо ба миён ояд, истеҳсолот зарар мебинад. Давлат бо назардошти ҳамаи маҳдудиятҳои марбут ба амният, бояд усули беҳтаринро интихоб кунад", - зикр кардааст ӯ.

Лоиҳаи дигаре, ки метавонад ба лоиҳаи миллии "Кадрҳо" илова шавад, лоиҳа оид ба рушди имконоти кадрии хадамоти давлатӣ мебошад.

Ҳадафи он - баланд бардоштани потенсиали кадрии хадамоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ мебошад. Чорабиниҳои нақшавӣ дар лоиҳа аз ҷалби ҷавонон ба хидмат дар мақомоти давлатӣ ва ҷорӣ сохтани воситаҳои муосири ҷустуҷӯ ва интихоби номзадҳо иборатанд. Амалисозии он бар асоси платформаи ягонаи рақамӣ дар назар буда, он ба рушди имконоти кадрӣ "дар заминаи принсипҳои имкониятҳои баробар" шароит муҳайё месозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.