Таҳияи заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳи навбатии барқи обӣ дар дарёи Вахш, ки 12,5 километр поинтар аз сарбанди нерӯгоҳи Роғун ҷойгир мешавад, метавонад аллакай соли равон оғоз гардад.

Ба омодасозии заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб бо иқтидори эҳтимолии 862 МВт Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо ҷалби ширкати машваратӣ машғул мешавад.

Дар ин хусус дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии ТАЛКО дар давраи солҳои 2019-2024 сухан меравад.

Муҳлати омода кардани заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳ давраи солҳои 2020-2024 зикр шудааст.

Таҳияи заминаи иқтисодиву фанниро ТАЛКО дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба иҷро мерасонад.

Дар Нақшаи чорабиниҳо қайд мешавад, ки сохтмони НБО Шӯроб барои таъмини ТАЛКО бо барқи худӣ ва дастрасии мунтазами он шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар назар аст, ки НБО Шӯроб дар 110 километрии шарқи Душанбе сохта шавад. Барои бунёди ин нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. доллар маблағ зарур аст. НБО Шӯроб ҳаштумин силсилаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш хоҳад шуд, ки аз 9 нерӯгоҳи барқи обӣ иборат буда, 7-то он пурра сохта шудааст (Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ) ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад.

Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обии “Шӯроб” 862,5 МВт - 1 ҳазор МВт, истеҳсоли солона - беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқро ташкил хоҳад дод. Баландии эҳтимолии сарбанд 83 метр ва ҳаҷми ғунҷоиши обанбор - 77 млн. метри мукааб пешбинӣ шудааст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.