Ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) чӣ таҳдид мекунад ва оё метавон онро пешгирӣ кард? Ин муҳимтарин саволе буд, ки ба коршиносон дода шуд. Посухҳо ҳам гуногун буданд, аммо дар умум чор таҳдиди асосии хос барои Осиёи Марказӣ ё таҳдидҳое, ки минтақа ба он бештар осебпазир аст, номбар гардид.

1. Таҳдидҳо аз ҷониби Толибон* ва дигар гурӯҳҳои тундгаро, ки дар Афғонистони ҳамсоя қарор доранд.

2. Буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки бар асари хушксолӣ ва камбуди захираҳои об рӯйи кор меоянд.

3. Афзоиши ифротгароӣ дар дохил (гурӯҳҳои хуфта дар ОМ) ва илова бар ин, бозгашти террористон ба ватан.

4. Киберэкстремизм.

 

Афғонистон, Толибон ва дигар тундгароён

Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ:

“Вазъият дар Афғонистон тайи солҳои тӯлонӣ мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин нигарониҳо махсусан пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ва баъди ба сари қудрат омадани Толибон бештар шуд. Аксари кишварҳои минтақа бошитоб бо соҳибони нави Кобул тамос барқарор карданд, то ки худро аз эҳтимоли амалиёти гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро ва созмонҳои байналмилалии террористӣ, ки дар ҳудуди Афғонистон ҷойгиранд, эмин нигоҳ доранд.

Азбаски Толибон ин дафъа бо нияти зимомдории тӯлонӣ омаданд, онҳо аз сахттарин ва ғайриинсонитарин чораҳо кор гирифтанд, то Афғонистонро пурра зери назорат гиранд.

Аммо ин амал таъсири гурӯҳҳои террористиро дар ҳудуди Афғонистон заиф накард, балки баръакс, ба мутамарказ шудани онҳо дар минтақаҳои ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ мусоидат кард, ки ин ҳолат то ба имрӯз идома дорад.

Ба вуҷуди изҳороти Толибон дар бораи кафолати ҳамла накардани гурӯҳҳои террористӣ аз ҳудуди Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар давоми се соли охир сарҳадбонони тоҷик, ӯзбек ва туркман баъзан бо онҳо даргир шуданд.

Нисбат ба дигар самтҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ин гуна ҳодисаҳо бештар рух дод, ки метавонад касро ба андеша водор созад.

Дар ҳама гуна ҳолат, ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ки дар даргириҳои Ироқу Сурия таҷриба андӯхтаанд, як ҳадафи муайянеро пайгирӣ мекунад.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тақвияти тарғиботи гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон” бо забонҳои мардуми минтақа мебошад.

Ҷангҷӯи гурӯҳи Толибон
Аз сомонаи Xinhua

Имрӯз фазои маҷозӣ ба террористон натанҳо имконият медиҳад, ки ҷонибдорони навро ҷалб кунанд, балки инчунин имкон фароҳам меорад, ки бе ҳузури ҷисмонии худ ба омодасозии амалиёти тахрибкорӣ машғул шаванд.

Коршиносони соҳаи амният таъкид мекунанд, ки дар шароити тақвияти чораҳои зиддитеррористӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, “Вилояти Хуросон” ва дигар созмонҳои террористӣ, ки зодагони Осиёи Марказӣ ба ҳайати онҳо шомиланд, ба таъсиси гурӯҳҳои нави хуфта ба таври фосилавӣ тавваҷҷуҳ доранд.

Идораи онҳо, аз ҷумла муайян кардани вазифаҳои мушаххас, корбарӣ бо ҷонибдорони эҳтимолӣ, маблағгузории чорабиниҳои тахрибкорона ва ғайра бо истифода аз технологияҳои иттилоотии замонавӣ ва пешрафта ба роҳ монда шудааст.

Албатта, худи Толибон айни замон ба кишварҳои минтақаи мо таҳдиди мустақими низомӣ нестанд, зеро барои онҳо вазифаи асосӣ – ҳамгироӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ, эътирофи расмӣ, барқарор намудани муносибатҳо бо бозигарони бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин, ҳузури созмонҳои байналмилалии террористӣ дар қаламрави Афғонистон ба Толибон имконият медиҳад, ки кишварҳои ҳамсояро ба ҳамкорӣ бо худ водор намоянд, то ки таҳдидҳо аз ҷониби ин гурӯҳҳо коҳиш дода шаванд. Ба ибораи дигар, омиле, ки таҳдидҳои террористӣ аз қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ба манфиати Толибон кор мекунад.

Албатта, ҳамаи созмонҳои террористӣ, ки дар Афғонистон қарор доранд, берун аз он марказҳои роҳбарӣ доранд, ки аз он ҷо дастур мегиранд. Ин марказҳо асосан бо хадамоти махсуси баъзе кишварҳо вобастаанд, ки то андозае аз экстремистҳо ва террористон ба манфиати худ, аз ҷумла ба манфиатҳои геополитикӣ истифода мебаранд.

Аз ин нуктаи назар, Осиёи Марказӣ, ки бо кишварҳои бузург ва пешрафта ба мисли Русия, Чин ва Эрон (тавассути Баҳри Хазар) ҳамсарҳад аст, хеле ҷолиб ҳисобида мешавад. Хусусан, вақте ки дар наздикии он Афғонистон - паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористии гуногун ҷойгир аст.

Аз ин рӯ, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои бозигарони асосии геополитикӣ метавон шоҳиди ҳолатҳои суиистифода аз масъалаи Афғонистон гардид. Ин ҳатто дар ҳолатҳое ҳам  рӯи кор меояд, ки мушкили Афғонистон танҳо яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар гуфтушунид байни кишварҳо бошад.

Масалан, пас аз сафари расмии ахири раиси Чин ва нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон, баъзе расонаҳои хориҷӣ навиштанд, ки гӯё бо баҳонаи ҳалли мушкили Афғонистон кишварҳои номбурда кӯшиш мекунанд мавқеи худро дар бахши амнияти Тоҷикистон пурзӯр намуда, ҳамзамон кишвари моро аз таъсири Русия берун кунанд.

Албатта, ин кор бо мақсади "хашмгин" кардани Русия, мураккаб кардани муносибатҳои дуҷониба ва пешниҳоди баҳонае барои фишор ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик анҷом дода мешавад, ки бе ин ҳам айни замон ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд.

Метавон хулоса кард, ки таҳдидҳо аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, барои Осиёи Марказӣ воқеӣ мебошанд, аммо то чӣ андоза амалӣ шудани онҳо аз иродаи роҳбарони онҳо вобаста аст.

 

Бӯҳронҳои вобаста ба хушксолӣ ва камбуди об

Ба гуфтаи коршиносон, соли 2023 аз ҳама гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо гардид. Аммо эҳтимоли зиёд аст, ки ин ҳадди ниҳоӣ нест.

Рӯзноманигор дар бахши экология Тимур Идрисов мегӯяд, тибқи пешгӯиҳо, дар Тоҷикистон давраҳои гармо бештар, шадидтар ва тӯлонитар хоҳанд шуд. Гармшавии глобалӣ раванди биёбоншавӣ, камбуди захираҳои обӣ ва мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқавориро бештар мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат ба саломатии ҳазорон нафар таъсири манфӣ расонида, шумораи фавти пеш аз мӯҳлат ва сарборӣ ба соҳаи тандурустиро зиёд мекунад.

Акси марбута
Акс аз AP

Гармо ва хушксолии ғайримуқаррарӣ барои кишоварзӣ низ мушкилот пеш меорад. Тибқи маълумоти GIZ, 68% заминҳои корам дар Тоҷикистон ба обёрӣ вобастаанд. Бо афзоиши ҳарорат, обшавии пиряхҳо ва коҳиши қабати барф, низоми гидрометеорологӣ тағйир меёбад, ки ин ба миқдор ва сифати зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳарорати баланд хатари паҳншавии ҳашароти зараррасон ва бемориҳоро зиёд мекунад.

Идрисов шарҳ медиҳад, ки гармӣ ба зерсохтор низ таъсир мерасонад. Ҳарорати баланд ба рух додани офатҳои табиӣ, аз қабили селҳо (бо сабаби обшавии тези барф) ё хушксолӣ боис мегардад. Селҳо роҳу пул, иншооти ҳимоявӣ, хатҳои интиқоли барқ, низомҳои обёрӣ ва дигар зерсохторро тахриб мекунанд.

Баландшавии ҳарорат ба афзоиши талабот ба об барои бахши кишоварзӣ, саноат ва аҳолӣ оварда мерасонад.

“Тағйирёбии иқлим ба меъёри мавсимии маҷрои об ва миқдори умумии он таъсир мерасонад. Дар навбати худ, ин ба реҷаи кори обанборҳо ва истеҳсоли нерӯи барқ таъсири бевосита мерасонад. Ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим ба басомади рӯйдодҳои гидрологии шадид, аз қабили обхезӣ ва хушксолӣ, ки омили иловагии хатар мебошанд, таъсир мерасонад”, - мегӯяд Юлий Дидоветс, мутахассиси гидролог аз Пажӯҳишгоҳи омӯзиши тағйирёбии иқлими Потсдам.

Ӯ зикр мекунад, ки таҳқиқот коҳиши ночизи маҷрои миёнаи солонаи дарёҳоро нишон медиҳанд, ки метавонад ба коҳиши (тақрибан 10%) иқтидори гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бирасонад.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 98% нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

“Азбаски энергетика ва низомҳои обӣ бо ҳам вобастаанд, тағйирёбии сатҳи боришот, хатари баланди хушксолӣ, камшавии қабати барф ва вақтҳои гуногуни обшавии барфҳо метавонанд натанҳо ба истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ, балки ба устувории захираҳои об нисбат ба тағйирёбии иқлим низ таъсири манфӣ расонанд”, - таъкид мекунад ӯ.

Ҳамчунин, бо афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии ташаккули то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, 1 ҳазори онҳо комилан об шудаанд. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 аз се як ҳиссаи пиряхҳои Осиёи Марказӣ пурра аз байн мераванд.

Ҳамзамон теъдоди аҳолӣ дар минтақа босуръат меафзояд. Масалан, мувофиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, аҳолии ҷумҳурӣ то соли 2030 метавонад ба 11,5 миллион нафар расад.

Муаллифони Стратегия менависанд, ки афзоиши шумораи шаҳрвандони ҷавон ва қобили меҳнат “муҳаррики рушди иқтисодӣ хоҳад шуд, аммо танҳо дар ҳолате, ки қувваи кории баландихтисос таъмин карда шавад”.

Ва самимона эътироф мекунанд, ки агар ин кор сурат нагирад, “равзанаи имкониятҳои демографӣ” ба “равзанаи таҳдиди демографӣ” табдил меёбад.

 

Акси марбута
Геннадий Ратушенко

Рушди ифротгароии дохилӣ

Тибқи маълумоти ВКД, дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 582 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ сабт шуда, 226 узви ин созмонҳо боздошт шудаанд.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2016 инҷониб 1589 узви ҳаракату созмонҳои террористӣ ва иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷ ба ватан баргардонида, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шуданд.

Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз “бозгаштагон” ва гурӯҳҳои хуфтаи экстремистӣ, ки дар ҳар як ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, хавотир бошанд?

“Ин масъала хеле баҳснок аст, зеро аз як тараф, давлатҳои Осиёи Марказӣ экстремизм ва мубориза бо терроризмро тез-тез истифода мебаранд, то бо истифода аз ин фишангҳо назорат бар ҷомеаро тақвият бахшанд”, - мегӯяд Темур Умаров, коршиноси соҳаи амният ва корманди илмии "Фонди Карнеги".

Ба андешаи ӯ, бинобар ин, аз афзоиш ё коҳиши экстремизми дохилӣ сухан гуфтан душвор аст, зеро ин маълумот аз манбаъҳои расмӣ ба даст мерасад. Ва манбаъҳои расмӣ на ҳамеша ҳамчун манбаи объективӣ ба назар мерасанд.

“Аммо ман шахсан гуфта наметавонам, ки афзоиш ё коҳиши хатари экстремизм вуҷуд дорад. Ба назари ман, ин як хатари доимӣ аст, ки мавҷуд аст ва аз вазъи созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон вобаста аст”, - мегӯяд Умаров.

Масалан, вақте ки ДОИШ дар авҷи қувват буд, интизор шудан имкон дошт, ки мутаносибан ин ба Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки кадом як созмони террористӣ фаъол шудааст ё нуфузи худро зиёд мекунад. Ягона истисно метавонист "ДОИШ-Хуросон" бошад. Ин созмон воқеан солҳои охир ба амалиётҳои террористии зиёд даст зад.

Ин коршинос мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, метавон гуфт, ки "ДОИШ-Хуросон" фаъол ва кӯшишҳои ҷалби онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.

Коршиноси масоили муқовимат бо тундгароӣ Рустам Азизӣ қаблан дар посух ба суоли «Азия-Плюс» дар бораи хавфҳо гуфта буд, ки “бешубҳа бояд нигарон буд”.

Дар бораи “ДОИШ-Хуросон” ӯ чунин изҳори назар карда буд:

“Дар заминаи таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ маҳз онҳо лоиқи тарсанд, зеро таҷрибаи тамоми ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳифзи комили худ аз онҳо ғайриимкон аст. Ҳама, ҳатто хадамоти махсуси пешрафтатарин низ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд. Ва азбаски назорати ҳар як метр ва ҳар як шахс ғайриимкон аст, таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ ҳамеша рӯзмарра аст.

Аз лаҳзаи таъсиси ДОИШ ҷангиёни тоҷики ин гурӯҳ аллакай ба Тоҷикистон таҳдид карда буданд. Айни замон пайвастани аъзои нав аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бештар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Мутаносибан, ин масолеҳи бештар мувофиқ барои «истифода» дар кишварҳои онҳо мебошад”, - мегӯяд Рустам Азизӣ.

Манас Аманбоев, намояндаи Хадамоти ВКД Қирғизистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дар мусоҳиба бо "Азаттык" тасдиқ кардааст, ки ҳаракатҳо ва созмонҳои экстремистӣ, аз қабили "Толибон" ва "ДОИШ - Хуросон" ба гурӯҳҳои хуфта дар Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд.

“Дар Қирғизистон 20 созмони байналмилалии экстремистию террористӣ ва 1 секта мамнӯъ шудаанд. Аз онҳо ҳаракати "Толибон" фаъол аст, ки барои Осиёи Марказӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳаракати "Толибон" як рақиб дорад - созмони экстремистии "ДОИШ- Хуросон". Ҳодисаҳои дар он ҷо рухдода метавонанд ба тамомияти арзӣ ва амнияти давлати мо хатар дошта бошанд. Шумо худ мебинед, ки дар кишварҳои ҳаммарзи мо - Ӯзбекистон ва Тоҷикистон чӣ мегузарад. Идеологияи умумии созмонҳои экстремистию террористӣ зидди принсипҳои дунявӣ дар Осиёи Марказӣ ва сохти конститутсионии кишварҳои минтақа аст. Ҳадафи онҳо – таъсиси хилофат аст”, - таъкид кард ӯ.

 

Киберэкстремизм

Дар бораи ин таҳдид коршинос оид ба масоили IT-технология Асомиддин Атоев изҳори назар кард:

“Ифротгароии хушунатомези маҷозӣ ё истифодаи имкониятҳои интернетӣ барои ҳадафҳои экстремизми хушунатомез як масъалаи ҷиддист, зеро ин дар зиндагии воқеӣ ҷой дорад.

Акс аз сомонаи stopterror.uz

Бо таассуфи зиёд, афроди бадхоҳ хеле фаъолона имкониятҳои бузурги технологияҳои рақамиро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Ва боз ҳам таассуфи бештар дар он аст, ки мо, афроди хайрхоҳ, ё бо беэътиноӣ (нодида гирифтани имкониятҳои мавҷудаи технологияҳои рақамӣ) ё фаъолона (гузоштани монеаҳои сунъӣ ба ҷараёнҳои табиии технологӣ), дар ин самт мусоидат мекунем.

Барои тасдиқи фикр мехоҳам як консепсияро мисол орам, ки дар байни технологҳо хеле маъмул аст. Cyberspace ё худ киберфазо, ки платформаи он Интернет мебошад, ягона фазое аст, ки аз ҷониби инсон эҷод шудааст.

Асосгузорони ин фазо бовар доштанд ва ҳанӯз ҳам бовар доранд, ки он “хонаи нави ақл” аст (John Perry Barlow). Бар хилофи чор фазои табиӣ (хушкӣ, об, ҳаво, кайҳон), ки инсон кайҳо онро ба майдони ҷанг табдил додааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти пешгирӣ кардани чунин амалҳои харобкорона дар фазои панҷумро дошт.

Аммо, мутаассифона, мо одамон на офаридаи илоҳӣ (ё табиӣ барои бединҳо) ва на эҷоди худи инсонро эҳтиёт намекунем.

Дар фазои онлайн бисёр далелҳо мавҷуданд, ки чӣ гуна аз ҷониби экстремистҳои зӯровар истифода шудани имкониятҳои киберфазоро нишон медиҳанд.

Муҳаққиқон дар нимаи дуюми соли 2020 дар 9 платформаи васоити ахбори иҷтимоӣ ҳудуди 1 ҳазору 275 шабакаи фаъол ва ғайрифаъолро, ки мундариҷаи экстремистӣ доранд, муайян карданд.

Аз ин шабакаҳо 716-тои онҳо аз ҷониби 13 гурӯҳи ҷангҷӯи байналмилалӣ ва минтақавӣ идора мешаванд. Дар ҳоле ки дар аввал (дар нимаи дуюми соли 2018) муҳаққиқон танҳо 245 саҳифа, на шабакаҳоро бо чунин хусусият дар васоити ахбори иҷтимоӣ пайдо карда буданд.

Тавре ки муҳаққиқон таъкид мекунанд, “паҳншавӣ ва шиддати экстремизми хушунатомез дар интернет хусусияти бисёрҷанба дорад. Ягон тағйирдиҳандаи ягона ва аниқе нест, ки паҳншавии мундариҷаи экстремистиро шарҳ диҳад”.

Як қатор омилҳои хатари экстремизми зӯровар дар интернет муайян карда шудаанд, аз ҷумла: “баробарвазнии иттилоотии забонии онлайн”, “афзоиши пайвастагии рақамӣ”, “камбуди мундариҷаи мазҳабии онлайн”, “бахши маҳдуди расонаҳои рақамӣ”, “камфаъолии шаҳрвандон дар фазои рақамӣ”, “таҳдидҳои онлайнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” ва “оқибатҳои рақамии пандемияи ҷаҳонӣ”.

Ин омилҳо осебпазирии корбаронро зиёд мекунанд, ки эҳтимоли паҳншавии зарар аз технологияҳои рақамиро дар ҷомеа афзоиш медиҳанд.

Илова бар ин, дар як қатор кишварҳои минтақа сатҳи пасти саводнокии рақамӣ ва расонаӣ, дастрасии нобаробар ва маҳдуд ба ВАО-и мустақил ва афзоиши норозигӣ метавонанд осебпазирии баъзе гурӯҳҳои корбаронро ба зарар аз технологиҳои рақамӣ, аз ҷумла хабари бардурӯғ, забони нафрат ва маводи экстремистӣ зиёд кунанд.

Бо вуҷуди ин, ин таҷрибаи манфии бадхоҳон ҳамзамон мисоли равшани дастрасии имкониятҳои бузурги технологияҳои рақамӣ мебошад.

Ҳамаи субъектҳои калидӣ дар таъмини амнияти миллӣ дар фазои онлайн — корбарон, ҷомеа ва давлат — дорои воситаҳо (абзорҳо) ва имкониятҳои рӯзафзун мебошанд, ки метавонанд осебпазириро коҳиш дода, устувории онҳоро нисбат ба таҳдидҳои рақамӣ афзоиш диҳанд.

Ҳарчанд ҳифзи комил аз таҳдидҳои рақамӣ ғайриимкон аст, вале роҳҳои санҷидашудаи баланд бардоштани устувории рақамӣ вуҷуд доранд. Устуворӣ дар ин маврид ба қобилияти ҳукуматҳо, тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла корбарони инфиродӣ дахл дорад, ки онҳо метавонанд таҳдидҳои рақамиро пешбинӣ, дарк ва бартараф кунанд, инчунин ба онҳо мутобиқ шуда, пас аз он дубора ба ҳолати муқаррарӣ баргарданд.

Бо талошҳои муштараки ҷонибҳо метавон омилҳои зикршудаи хатарро ба омилҳои ҳифз ё устуворӣ табдил дод, ки ин метавонад “тақвияти иртиботи мақсаднок”, “пешниҳоди мундариҷаи боэътимоди алтернативӣ”, “пешбурди саводнокии рақамӣ”, “васеъ кардани имкониятҳои муҳими иштироки шаҳрвандон дар интернет”, “расонаҳои пурқувват ва афзоиши мундараҷаи маҳаллӣ” бошад. Чунин муносибатро бо як истилоҳ метавон “шарикии сартосарӣ ё худ умумӣ” номид, ки дар он ҳамаи бахшҳои ҷомеа фаъолона иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.