Дар Ӯзбекистон сокинони манзилҳои хусусии воқеъ дар маҳаллаи масҷиди "Ҳазрати Имом", дар қисми қадимии шаҳри Тошканд огоҳӣ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, ба ҷои манзилҳои онҳо бинои Маркази рушди исломии Ӯзбекистон бунёд шавад.

Як сокини кӯчаи "Заркайнар"-и шаҳри Тошканди қадимӣ бо номи Муяссар гуфтааст, дар ин бобат ибтидои моҳи ноябр аз ҳукумати ноҳияи Олмазор огоҳинома гирифтаанд.

"Огоҳинома фиристоданд ва намояндагони ҳукумати ноҳия низ омада, гуфтанд, ба шахсоне, ки намехоҳанд, ба биноҳои баландошёна кӯч банданд, ҷубронпулӣ пардохт мешавад, то манзили дигар харанд. Мегӯянд, биноҳои серошёна дар ноҳияи Сергелӣ ҷойгиранд. Аммо мо талаб дорем, ки дар маркази шаҳр хона диҳанд. Ҳамсояҳо ҳам ба пешниҳоди мақомот розӣ нестанд", - афзуд ӯ.

Яке аз масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Тошканд гуфт, қарор аст, дар қисми қадимии пойтахти Ӯзбекистон ба ҷои хонаҳои тахрибшаванда бинои Маркази рушди исломӣ бунёд шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинон хаттӣ огоҳӣ гирифтаанд ва бояд хонаҳои худро холӣ кунанд.

Тошканди қадимӣ, ки дар он ноҳияҳои Олмазор ва Шайхонтоҳур ҷойгиранд, сераҳолитарин қисми пойтахти Ӯзбекистон шумурда мешавад. Дар он то ҳол як чанд маҳаллаҳои қадимии ӯзбекӣ ҳифз шудааст.