Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821 млн м³  ва Сирдарё - 365 млн м³ об мегирад. Комиссияи байнидавлатии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ (минбаъд - Комиссия) чанд рӯз пеш дар бораи натоиҷи ҷаласаи 91-уми худ, ки рӯзи 13-уми ноябри соли 2025 дар Ишқобод (Туркманистон) доир шуд, гузориш нашр кард.

Тавозуни об дар Амударё

Дар Амударё комиссия бештар ба ду чиз таваҷҷуҳ зоҳир кардааст: кофӣ будани об барои кишварҳо ва нигоҳ доштани маҷрои об дар поёноб, ки майдони кишташ зиёду миллионҳо нафар зиндагӣ мекунанд.

Ба сурати умум, мавсим осон набуд. Дар маҷрои назоратии Керка сатҳи об ҳудуди 93% аз меъёр буд, ки ин каме поинтар аз соли пешин аст. Дар фасли баҳор маҷарои об зиёд тағйир ёфтааст, аммо моҳи август ва сентябр, вақте ки дар кӯҳҳо пиряхҳо об шуданд, об аз сатҳи зарурӣ - то 115% аз меъёр бештар шуд. Ин имкон дод, то охири мавсим об дар обанборҳо дар ҳаҷми зарурӣ барои поёноб захира шавад.

Дар давраи обёрӣ кишварҳо тақрибан 86% аз маҳдудияти тасдиқшуда дар Амударёро истифода карданд. Тоҷикистон ҳудуди 83%, Туркманистон - қариб 92% ва Ӯзбекистон - наздик 82%-и ҳаҷмро истифода карданд. Поинтар аз маҷро истифода 87,4% аз лимити умумиро ташкил дод.

Обанборҳои Норак ва Туямуюн дар реҷаи партоби назоратшаванда кор карданд: якумаш тағйироти маҷроро назорат карда, дуюмаш обро фавран ба поёноб медод. Ба туфайли ин, дар таъмини заминҳои кишт ва маҳаллаҳои аҳолинишин норасоии ҷиддӣ мушоҳида нашуд.

Дар ҷаласа лимити обгирӣ аз Амударё ва Сирдарёро дар соли 2026 тасдиқ карданд
Акс аз sic.icwc-aral.uz

Сирдарё: воридшавии аз меъёр зиёд, аммо камбуди об дар обанборҳо

Дар Сирдарё вазъият душвортар буд. Пешгӯиҳои Маркази обуҳавошиносии Ӯзбекистон нишон медоданд, ки дар қисматҳои гуногуни ҳавза об аз 70 то 105% аз меъёр мешавад. Амалан воридшавии умумӣ ба обанборҳои боло ҳатто аз интизориҳо - 6119 млн метри мукааб ё 119% аз меъёр зиёдтар шуд.

Ба назар мерасид, ки ин хуб аст, вале то охири мавсим маълум гардид, ки дар худи обанборҳо миқдори об аз нақша камтар аст.

Обанбори Тухтагул зиёда аз ним млрд метри мукааб, “Андиҷон” - тақрибан 320 млн ва “Чорвоқ” - 428 млн камтар об гирифт. Дар обанборҳои "Баҳри Тоҷик" ва "Шардара" камбуди об мутаносибан 217 ва 576 млн метри мукаабро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, дар тамоми силсилаи обанборҳо нисбат ба пешгӯӣ тақрибан 2,1 млрд метри мукааб об намерасид. Ҳамзамон, дар давраи байни мавсимҳои кишт (2024–2025) аз ин обанборҳо назар ба нақша тақрибан 1,8 млрд метри мукааб бештар об сар дода шуд.

Ин обпартоии зиёдатӣ барои нигоҳ доштани ҷараёни санитарӣ дар маҷро ва таъмини об барои кишварҳои поёноб лозим буданд.

Ҳатто бо вуҷуди камбуди об дар баъзе обанборҳо, мавсими обёрии соли 2025 дар Сирдарё бе мушкилоти ҷиддӣ гузаштааст. Ба иҷрои муваффақонаи мавсим захираҳои солҳои гузашта, воридшавии иловагӣ ва ҳамкории мувофиқашудаи хадамоти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мусоидат кардаанд.

"Баҳри тоҷик"
Акс аз sic.icwc-aral.uz

Тақсими об дар зимистон ва баҳор чӣ гуна сурат мегирад?

Дар ҷаласаи Комиссия кишварҳо дар бораи истифодаи об дар давраи байни мавсимҳои кишти солҳои 2025–2026 ба мувофиқа расиданд.

Дар Амударё ҳаҷми умумии меъёри обгирӣ барои соли хоҷагидорӣ аз октябри 2025 то октябри 2026 тақрибан 55,4 млрд метри мукааб муқаррар шудааст. Аз ин миқдор, 15,9 млрд метри мукааб ба давраи сард - аз октябр то апрел рост меояд.

Дар як сол ба Тоҷикистон - 9,8 млрд ва Туркманистону Ӯзбекистон - 22 млрд метри мукаабӣ об ҷудо карда шудааст.

Қисмати зиёди маҷро - 44 млрд метри мукааб бояд аз дарғоти нуқтаи назорати оби Керка гузашта, маҷрои поёнобро таъмин созад.

Ҳаҷми об барои Баҳри Арал ва шохаи Амударё - 4,2 млрд метри мукааб, ки маҳз зимистон ва баҳори барвақт дода мешавад, ҷудогона мувофиқа шудааст. Партобҳои санитариву экологӣ ба низомҳои обёрии вилояти Дашогуз, вилояти Хоразм ва Қарақалпоқистон боз 800 млн метри мукаабаро ташкил медиҳанд.

Ин барои ҳифзи низомҳои экологӣ ва аҳолии минтақаи назди Арал аҳаммияти калон дорад, ки то имрӯз дар шароити камбуди об зиндагӣ мекунанд.

Аксарияти сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ба мисли Мелихол Раҳимоваи 66-сола обро мехаранд

Дар Сирдарё маҳдудияти умумии обгирӣ дар давраи байни мавсими киштукор 4,219 млн метри мукаабро ташкил медиҳад. Қазоқистон тариқи наҳри “Дӯстӣ” 460 млн, Қирғизистон - 47 млн ва Тоҷикистон - 365 млн метри мукааб об гирифта, ҳиссаи асосӣ ба Ӯзбекистон - 3,347 млрд метри мукааб рост меояд.

Ин нишондиҳандаҳо бо назардошти ҳаҷми интизордоштаи воридшавии об, захираҳои мавҷуда дар обанборҳо ва зарурати нигоҳ доштани ҷараёни экологӣ дар маҷрои дарё ҳисоб карда шудаанд.

Вазъияти обанборҳо чӣ хел мешавад?

Комиссия низоми кори обанборҳои бузургтаринро низ тасдиқ кард. Тибқи пешгӯӣ, обанбори Норак ба давраи байни мавсимҳои кишт бо ҳаҷми тақрибан 10,5 млрд метри мукааб ворид шуда, онро тақрибан дар сатҳи 9,7 млрд ба анҷом мерасонад.

Обанбори Норак
Акс аз Asia-Plus

Обанбори Туямуюн мавсимро бо захираи ҳудуди 4,5 млрд метри мукааб оғоз карда, то баҳорон ҳаҷмро то 3,4 млрд метри мукааб поин меорад. Ҳарду обанбор тадриҷан обро ба поёноб ҷорӣ мекунанд, то ки обёриро дар Туркманистон ва Ӯзбекистон таъмин карда, маҷрои зиндаро дар шохаи Амударё нигоҳ доранд.

Дар Сирдарё захираҳои умумии об дар обанборҳои Тухтагул, Андиҷон ва Чорвоқ аз оғози давраи обёрии байни мавсими киштукор тақрибан 10,6 млрд метри мукааб арзёбӣ мешаванд, ки каме поинтар аз меъёр аст.

Дар “Баҳри тоҷик” ва “Шардара” мутаносибан аз ҳудуди 2,6 ва 1,65 млрд метри мукааб интизорӣ меравад.

Ҳамагӣ дар обанборҳои ҳавзаи Амударё то аввали зистон ҳудуди 14,9 млрд метри мукааб - тақрибан 90% аз сатҳи миёнаи солона об ҷамъ мешавад. Ин нишондиҳанда вазъияти буҳронро ба вуҷуд намеорад, аммо захираи устувориро коҳиш медиҳад, бинобар ин низоми кори силсила нисбатан эҳтиёткорона мешавад.

Ҷаласаи навбатии 92-юми комиссия дар Душанбе баргузор мегардад. Дар он кишварҳо аз фаъолияти обанборҳо ва истифодаи лимитҳо дар давраи байни мавсимҳои кишти солҳои 2025–2026 натиҷагирӣ карда, дар бораи роҳҳои минбаъда барои таъмини амнияти обии минтақа дар шароити афзудани таҳдидҳои иқлимӣ қарор қабул мекунанд.

Лимити умумии Амударё: 55 391 млн м³ (барои давраи мавсими байни киштукор  - октябр–апрел - 15 865 млн м³). Маҳдудияти умумӣ дар давраи байни мавсим киштукор  (Сирдарё): 4 219 млн м³.
1/2

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.