Бозии давраи 17-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хатлон” бо ҷанҷолу занозанӣ ва бетартибиҳо дар майдон анҷом пазируфт.

Бозӣ мусовӣ – бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар вақти изофашуда бозигари “Истаравшан” Фирӯз Қараев ва ҳамлагари “Хатлон” Аҳтам Ҳамроқулов корти сурх гирифта, аз майдон ронда шуданд.

Ба қавли намояандагони дастаи футболи “Хатлон”, дарҳол пас аз бозӣ мухлисони “Истаравшан” ба сангпартойӣ сӯйи онҳо оғоз карда, дарвозабон Шаҳром Исмоилов ва сармураббӣ Меҳроб Заурбеков аз он ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамлагари "Хатлон" Аҳтам Ҳамроқулов, ки дасташро шикастаанд

Президенти тими “Хатлон” Исроил Шарифов мегӯяд, соҳибони майдон аз аввал нияти ҷанҷол дошта, ҳатто дар машқи пеш аз бозӣ мухлисон футболбозони дастаро таҳқир мекардаанд.

Шарифов қайд кард, ки дарвоқеъ зимни бозии даври аввал рӯзи 21-уми апрел дар Бохтар ҳодисаи нохуш рух дод. Аммо баъд аз бозӣ ҳамаи ҳайати дастаи “Хатлон”, аз ҷумла, гунаҳкор ба латукӯби бозигари меҳмонон Шаҳром Исмоилов, дарвозабони дастаи мизбон аз ҳайати дастаи “Истаравшан” узр пурсида буданд.

Дарвозабони "Хатлон" Шаҳром Исмоилов
Сурат аз саҳифаҳои мухлисон дар Фейсбук

Он замон раҳбарияти дастаи “Хатлон” пас аз бозӣ “ошӣ дӯстӣ” ташкил кард. Ҳарифон сари дастурхон бо ҳам оштӣ шуда, ваъда доданд, ки ҳама кори шуда дар майдон мемонад ва берун аз майдон ҳамдигарро ҳурмат мекунанд, лекин маълум мешавад, ки на ҳама аз “оштишавӣ” розӣ будаанд.

Ба гуфтаи роҳбари дастаи футболи “Хатлон” Исроил Шарифов, ҳайати дастаро дар Истаравшан бо меҳмоннавозӣ пешвоз гирифтаанд, ки барои ин аз роҳбари тими “Истаравшан” Асрор Шоҳраҷабов сипосгузоранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми вохӯрӣ бозигарони “Хатлон” дер муддат аз ҷойи либосивазкунӣ баромада натавонистанд, зеро мухлисон сангпартоиро ба сӯйи онҳо идома медоданд.

Се нафар дастандаркорони занозанӣ – Баротов, Азизов ва Азизбоевро милитсия бо худ бурда, айни замон Баротов ва Азизов озод шудаанд. Азизбоев барои авбошӣ эҳтимол 15 шабонарӯз ҳабс мешавад.

Президенти дастаи “Истаравшан” Асрор Шоҳраҷабов аз ин ҳодиса изҳори тассуф карда, ваъда дод, ки гунаҳкорон аз ҷониби раҳбарияти даста ҷазо дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии даври 1-ум байни ин дастаҳо дар Бохтар дарвозабони “Хатлон” Шаҳром Исмоилов ба рӯйи бозигари дастаи “Истаравшан” Ҳасанов бо мушт зада буд. Барои ин амал ӯ аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима шуд.

Пас аз бозӣ чанде аз мухлисон аз қарори Кумитаи интизомии ФФТ изҳори норизоӣ карда, ин ҷазоро барои дарвозабон нокофӣ шумурданд ва ба хатлониён хотирнишон сохтанд, ки дар бозии даври дуюм онҳо низ ба Истаравшан меоянд...


Пас аз чанде Федератсияи футболи Тоҷикистон нисбат ба ин ҳодиса қарор қабул мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.