Дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург (Гранд Салам) дар пойтахти Муғулистон ҷудокори тоҷик Масъуди Аҳмадзод медали нуқра гирифт. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар вазни 73 кг Масъуди Аҳмадзод то даври финалӣ чор нафарро мағлуб карда, дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи соҳибони майдон шикаст хӯрд. Дар ин вазн Муҳҳиддин Асадуллоев дар даври дуюм шикаст хӯрд. Меҳрдод Сӯфиев (60 кг) то даври нимфиналӣ роҳ ёфт.

Дар вазни 66 кг Ёсин Бобокалонов ва Мулораҷаб Халифаев, вазни 90 кг - Умед Раҷабов, Мизробшо Лоиқов, вазни 100 кг - Муҳсин Малаев ва Кароматулло Хакимов вазни +100 кг - Мансур Рахмон низ аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд.

1/5

Байни занон ҳам Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) дар рақобатҳои аввал ба нокомӣ дучор шуданд.

Дар ин мусобиқа 236 ҷудокор аз 28 кишвар рақобат карданд. Тоҷикистон 12 намоянда дошт: 10 мард ва 2 зан. Бо 1 медали нуқра, ду ҷойи 5-ум ва 2 ҷойи 7-ум мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидаставӣ мақоми 10-умро касб кард.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолиби ҳар як вазн бо 5 ҳазор евро (4 ҳазор ба ҷудокор ва 1 ҳазор - ба мураббӣ) медали нуқра - бо 3 ҳазор ва биринҷӣ - 1500 евро мукофотпулӣ сафароз гардонида мешавад.

Ба ғайр аз мукофотпулӣ, ба радабандии ҷаҳонӣ имтиёз низ ба даст оварда мешавад: 1 ҳазор имтиёз барои медали тилло, 700 имтиёз- барои ҷойи 2-юм, 500 имтиёз - барои зинаи 3-юм, 360 ва 260 имтиёз - мутаносибан барои ҷойҳои 5 ва 7-ум.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.