Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Вале бо вуҷуди ин, дастаи мо ба унвони яке аз беҳтарин дастаҳои зинаҳои дуюми гурӯҳ ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт.
Набарди тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон шоми 24-уми сентябр, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, мунтахаби Камбоҷа муқобили Макао бо натиҷаи 11:2 пирӯзӣ ба даст овард.
Баъди анҷоми даври интихобӣ, Тоҷикистон бо доштани 6 хол аз зинаи дуюм ва Ҷопон бо дарёфти 9 имтиёз аз мақоми аввали гурӯҳи “С” ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфтанд.

Дар даври интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 ба сурати умум 31 даста иштирок карда, ғолибони гурӯҳ мустақиман ва боз 7 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба мусобиқаи Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд.
Ба ҷуз Тоҷикистон, тимҳои зерин ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифтанд:
Австралия;
Таиланд;
Ҷопон;
Ветнам;
Қирғизистон;
Эрон;
Афғонистон;
Кувейт;
Кореяи Ҷанубӣ;
Ӯзбекистон;
Лубнон;
Малайзия;
Мянма.

Мусобиқаи Ҷоми футзали Осиё-2026 аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия баргузор мешавад. Дар мусобиқа 16 даста рақобат мекунанд. Дастаҳо ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд.



