Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ, ки дар Боку ҷараён дорад, то ҳол 17 медал - 1 тилло, 3 нуқра ва 13 биринҷӣ ба даст оварданд. Беҳрӯз Умаров, муштзани 18-сола дар вазни 50 кило аввалин медали тиллои Тоҷикистонро рӯзи 5-уми октябр соҳиб шуд.

Беҳрӯз Умаров дар финал бар Азизбек Шокирҷонови ӯзбекистонӣ пирӯз шуда, аввалин қаҳрамони Бозиҳои ИДМ-2025 дар Тоҷикистон гардид.

Дирӯз, 5-уми октябр ҳамчунин Аъзамҷон Ҳасанов ва Акбарҷон Абдуллоев аз риштаи бокс соҳиби медали нуқра дар Бозиҳои ИДМ-2025 гардиданд.

Беҳрӯз Умаров
Акс аз Кумитаи тадорукоти бозиҳо

Дар финал Ҳасанов дар вазни 48 кило баромад карда аз Алӣ Алийев, намояндаи Озарбойчон мағлуб шуд. Абдуллоев дар финал дар вазни 57 кило баромад карда аз Бобомурод Боймирзоев, варзишгари ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд.

Ҳамзамон дар ин рӯз, Муҳаммадӣ Раҷабов, қаиқронӣ тоҷик аз намуди каноэ дар масофаи 200 метр ва Алиризо Баҳромов (80 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Муҳаммадӣ Раҷабов аз тарафи чап
Акс аз Кумитаи тадорукоти бозиҳо

 

Ҷудокорони тоҷик низ дар мусобиқа аз худ маҳорати баланд нишон дода, 3 медалро соҳиб шуданд. Юсуф Замонов дар вазни 50 кило медали нуқраро ба даст овард, Абубакр Худоиев дар вазни 55 кило ва Лоиқ Қудбуддинов дар вазни 60 кило баромад карда  медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Бояд гуфт, ки рақобатҳо дар риштаҳои шиноварӣ, бокс, самбо, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, волейбол, футбол, тирпаронӣ рӯзи 29-уми сентябр баргузор шуданд. 

Дар ин рӯз дар риштаи таеквондо WT ду варзишгари тоҷик - Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то 54 кг ва Нурулло Муродов дар вазни то 74 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд. 

Ҳамчунин, ду паҳлавони тоҷик дар риштаи куштии самбо - Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кг ва Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Дамир Назаров (46 кг), Умарҷон Асроров (66 кг) ва Амир Нозимов (75 кг) муштзанҳои тоҷик соҳиби медалҳои биринҷии ин мусобиқа гардиданд.

Фуруғ Сарҳадзода муштзанбонуи тоҷик низ медали биринҷиро ба даст оварданд. Ӯ дар вазни 60 кило баромад кард.

Идрис Баҳромов (71 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҷудокорони тоҷик
Акс аз Кумитаи тадорукоти бозиҳо

Тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозиҳои кишварҳои ИДМ ҷойи чорумро ба даст оварданд. Наврасони тоҷик дар доираи бозиҳои кишварҳои ИДМ рӯзи 2-юми октябр аз ҳамсолони худ аз Белорус бо натиҷаи 0:2 шикаст хӯрданд.

Тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо натиҷаи 7:1 шикаст дода буданд. Дар бозии якум наврасони тоҷик аз дастаи то 16-солаи Озарбойҷон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд. 

Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ-2025 рӯзи 28-уми сентябр дар Озарбойҷон оғоз гардид ва то 8-уми октябр идома мекунад. Дар ин мусобиқа 1 ҳазору 605 варзишгар аз 10 кишвар, баромад мекунанд, ки 144 варзишгар намояндаи ҳайати Тоҷикистон мебошанд.  

Бояд гуфт, ки ин сеюмин ширкати варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ аст. Соли 2021 дар Қазон варзишгарони тоҷик 14 медал ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 7-умро касб намуданд. Соли 202-юм дар Минск 13 медалро соҳиб шуда дар байни 22 кишвар дар ҷои 8-ум қарор гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.