Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор тими миллии Малдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин вохӯрии аввал таҳти роҳбарии сармурабби нав - мутахассис аз Сербия Горан Стеванович дар доираи даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 доир гардид.
Голҳои дастаи моро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 12-ум ва Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Филиппин муқобили Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Дар даври 4-уми мусобиқа Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр бо Малдив рақобат мекунад, аммо ин бор дар сафар. Дар ҳамин давр Филлиппин дар хонаи худ Тимори Шарқиро қабул мекунад.
Тоҷикистон дар даври аввал Тимори Шарқиро шикаст дода, дар бозии дуюм бо Филиппин мусовӣ карда буд.
Пас аз се давр Тоҷикистон ва Филиппин бо касби 7 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор доранд. Тимори Шарқӣ (3 имтиёз) ва Малдив (ҳоло имтиёз надорад) дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор гирифтаанд.
Бозиҳои боқимондаи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ:
Даври 4-ум. 14.10.25. Филиппин - Тимори Шарқӣ. Малдив – Тоҷикистон.
Даври 5-ум. 18.11.25. Малдив – Филиппин. Тимори Шарқӣ – Тоҷикистон.
Даври 6-ум. 31.03.26. Малдив - Тимори Шарқӣ. Тоҷикистон – Филиппин.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, 24 тими миллӣ дар 6 гурӯҳ ( ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза мебаранд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.




