Ҷудокорони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Душанбе гузашт, соҳиби 23 медал – 4 тилло, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора телевизиони "Варзиш" гузориш додааст.
Дар рӯзи дуввуми мусобиқа, ду медали тиллои варзишгарони ҷавони тоҷикро Зикриаллоҳ Шарипов дар вазни то 81 кг ва Паншер Муминов дар вазни то 90 кг ба даст оварданд.
Барандагони медалҳои нуқра, дар рӯзи дуввум, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза дар вазни то 90 кг ва Абдуллоҷон Бобоев дар вазни ҷамъи 100 кг ҳастанд.

Медалҳои биринҷиро Муҳаммадҷон Юсупов дар вазни то 81 кг, Абдуқодир Элмуродов ва Зикриё Одиназода ҳарду дар вазни то 90 кг, момалӣ Қурбонов ва Шоҳрух Умаров ҳарду дар вазни то 100 кг ва Шоҳмирхурд Бурҳонзода дар вазни ҷамъи 100 кг моли худ карданд.
Ҳамчунин, дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони ҷавони тоҷик ба гирифтани 12 медал - 2 тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ даст ёфтаа буданд.
Медалҳои тиллоро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг ва Бинёмин Назиров дар вазни то 73 кг ба даст оварданд.
Барандагони медалҳои нуқра даро рӯи аввал Шокир Ғаюбов дар вазни то 60 кг, Абдуллои Ориф дар вазни 73 кг ва Нушин Ҷумаева дар вазни то 48 кг мебошанд.

Ин варзишгарон медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд:
- Рамзиддин Азизов ва
- Умар Раҳимзода ҳарду дар вазни то 60 кг;
- Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг;
- Ворис Назаров дар вазни то 73 кг;

- Марям Назарова ҳарду дар вазни то 48 кг;
- Райҳона Розиқзода дар вазни то 52 кг;
- Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг.
Ҷоми ҷудои Осиё миёни ҷавонон рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он беш аз 270 варзишгар аз 5 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин, дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 186 куштигири ҷавон (176 писар ва 10 духтар) намояндагӣ мекунад.
Пеш аз ин, рӯзҳои 20-21-уми ноябр дар Душанбе Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон ҳам баргузор шуда буд, ки варзишгарони тоҷик 10 медал - 6 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста