Нурулло Алиев кайҳост, ки на танҳо бо силсилаи пирӯзиҳояш, балки бо хислату симои монандаш ба Ҳабиб Нурмагомедов, рамкори шинохтаи доғистонӣ, таваҷҷуҳи мухлисонро ҷалб мекунад. Аммо онҳо на танҳо дар чеҳра ё сабку услуб шабеҳанд, балки тақдири монанд ҳам доранд.
Дар мусобиқаи UFC дар Қатар Нурулло Алиев бори аввал ошкоро дар бораи даргузашти падараш сухан гуфт ва иқрор шуд, ки бозгашт ба майдони муҳориба барои ӯ ниҳоят душвор буд.
Роҳи расидан ба сеюмин пирӯзӣ дар UFC ва аҳаммияти он
Дастовардҳои касбии Нурулло соли 2022, вақте оғоз ёфт, ки ӯ миёни размикорони тоҷик аввалин шуда бо UFC қарордод ба имзо расонид.
Он замон варзишгари ҷавони тоҷик дар марҳилаи интихобии Dana White’s Contender Series Ҷош Уикро бо маҳорати олӣ мағлуб карда, таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кард.
Соли 2023 дастоварди дигаи ҷолиб барояш насиб шуд - пирӯзӣ бар Рафаэл Алвес, аммо пас аз он ҷароҳати вазнини пой ӯро тамоми соли 2024 аз набардҳо дур кард. Рақобатҳо бо Матеуш Ребетский ва Янал Ашмоз бекор шуда, танҳо дар моҳи январи соли 2025, вақте Ҷо Солеки рақиби ӯ муайян шуд, ба майдони набард баргашт.
Маҳз бо ҳамин сабаб ғалаба дар Қатар бар Шакум Рок, ки дар UFC бори аввал ҳунарнамоӣ мекарду ҳамдастаи Пэдди Пимблетт буд, барои Алиев бузургтар аз сеюмин комёбии пайдарпай маҳсуб меёбад.
Ҳайати доварон якдилона (30–27) пирӯзиро ба ӯ лоиқ дониста, натиҷаи умумии рекордии размикор ба 11–0 расид.
Аммо ҳанӯз дар нишасти матбуотӣ маълум шуд, ки набардҳои асосии Алиев танҳо дар майдон набудааст.
Пас аз пирӯзӣ Нурулло назди рӯзноманигорон баромада, барои аввалин бор ошкоро дар бораи марги падар ҳарф зад.
"Баъди ҳунарнамои нахустинам ҷарроҳӣ шуда, омодагиро ба рақобат аз моҳи январ оғоз кардам. Аммо моҳи феврал падарамро аз даст додам. Шаш моҳ гузашт ва ман боз инҷо ҳастам. Агар ҳама чиз хуб гузарад, метавонам тез-тез рақобат кунам", - гуфт Алиев.
Ба гуфтаи размикор, ба ҳунарнамоии ӯ дар ММА падараш ҳамеша мухолиф буд.
Тафсилоти марги ӯ ифшо нашуд, аммо аз ҳолату эҳсосоти Нурулло аён буд, ин фоҷиа барои ӯ то чӣ андоза сангин аст.
Сарфи назар аз ҷароҳату рақобатҳои бекоршуда ва мусибати шахсӣ, ӯ тавонист бозгардад ва пирӯз шавад.
Бо ҷароҳату бекоршавии рақобатҳо ба марҳилаи нави касбӣ
Давраи пеш аз рақобат дар Қатар барои Нурулло яке аз мушкилтаринҳо буд. Баъди набард бо Алвес ӯ аз пояш ҷароҳати ҷиддӣ гирифта, қариб тамоми соли 2024 ҳунарнамоӣ накард.
Ӯ моҳи январи соли 2025 баргашта, ба вохӯрӣ бо Янал Ашмоз омодагӣ мегирифт, лекин ин рақобат ҳам бо сабаби ҷароҳат гирифтани ҳариф бекор шуд. Рақибро Ҷо Солеки иваз карда ва Алиев дилпурона ӯро мағлуб кард.
Акнун, ки размикор тавонист ҷароҳат, таваққуфи тӯлонӣ ва талафоти сангини шахсиро паси сар кунад, пирӯзии ӯ дар UFC Qatar тамоман дигаргуна - ҳамчун рамзи қувваи ирода ва тавоноии тоб овардан ба озмоишҳо қабул мешавад.
Ҷолиб он аст, ки мавзӯи мусибати шахсӣ Алиевро бо Нурмагомадов боз ҳам бештар наздик кард. Ҳабиб борҳо гуфтааст, ки марги падар чӣ гуна ба қарораш дар бораи хотимаи ҳунарнамоии касбиаш таъсир расонд.
Ба наздикӣ ӯ боз ин ҳодисаро ба ёд овард:
«Ин вазъияти хеле душвор буд. Аз як тараф, тамоми ҷаҳон интизори рақобат буд. Аз ҷониби дигар марги падар ва хоҳиши модарам. Ва ман интихобро ба нафъи ӯ анҷом додам», — зикр кард Нурмагомедов.
Ҳамин тавр, аз даст додани падар барои ҳам Алиев ва ҳам Ҳабиб ба лаҳзаи сарнавиштсоз табдил ёфт.
Ҳар ду ба сӯи қулла қадам мегузоштанд, ҳар ду дар лаҳзаҳои ҳалкунанда ҳидоятгарони худро аз даст доданд ва бо такя ба арзишҳои маънавӣ, ҳар ду роҳро идома доданд.
Мавҷи нави рақобат бо Пэдди Пимблетт?
Баъди рақобати аввал дар UFC соли 2023, Алиев ошкоро Пэдди Пимблеттро даъват карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин навишт: "Хуб, акнун доир ба ману Пэдди чӣ мегӯед? Рафтем", — зикр кард ӯ бо ишора ба UFC, роҳбарияти лига Дана Уайт ва Шон Шелби.
Он замон рақобат баргузор нашуд, зеро Алиев муддате берун аз майдон монд, дар ҳоле ки худи Пимблетт ба даври довталабон барои унвон баромад. Акнун бошад, баъди ғалаба бар Шакум Рок, ҳамдастаи Пимблетт, Нурулло боз масъалаи рақобати имконпазирро ба миён гузошт.
"Ростӣ, мехостам ба сӯяш ҷаҳам, вале баъд фикр кардам, ки ин рақиб низ сазовори эҳтиром аст. Дар қулла наметавон беэҳтиромона рафтор кард. Вақте ман бори аввал рақобат кардам, ӯро ба набард хондa будам. Орзу дорам, ки дар Англия бо ӯ рақобат кунам", — иқрор шудааст Алиев.
Ин суханон тасдиқ карданд, ки ихтилоф бо дастаи Пимблетт барои Нурулло то ҳол пӯшида нашудааст ва таваҷҷуҳ ба эҳтимоли ин набард ҳарчи бештар меафзояд.
Алиевро чӣ интизор аст?
Баъди пирӯзӣ дар Қатар ва марги падару обутоби рӯҳӣ, барои Нурулло марҳилаи нав - роҳ ба сӯи рақибони дорои пурқувват ва таҳкими мавқеъ боз мешавад.
Пирӯзӣ дар Қатар нишон дод, ки Нурулло Алиев, ки бо номи "Уқоби Тоҷик" ҳам шинохта мешавад, барои ин ҳама нерӯву иқтидор дорад.
Бояд гуфт, Нурулло Алиев соли 2023 ба ташкилоти маъруфи “UFC” ворид шуда буд. Ӯ дар доираи ин ташкилот мубориза гузаронида, дар ҳар се рақобат ғолиб омадааст. Алиев дар умум дар муҳорибаҳои омехта 11 рақобат анҷом дода, дар ҳамааш пирӯз шудааст.




