Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сабаби якбора афзудани гирифторӣ ба бемориҳои сироятирор дар 8 моҳи соли равон дар Тоҷикистон, муроҷиати бештари аҳолӣ ба духтурон ва беҳтар шудани ташхис дар озмоишгоҳҳо маънидод кард.

Ду рӯз пеш Оҷонсии омори Тоҷикистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод, ки дар ин давра дар кишвар қариб 19,5 ҳазор ҳодисаи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст.

Ин ниҳод гуфта буд, “ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,1 фоизи бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 45,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст”.

Вале аз вазорат гуфтанд, афзоиши гирифторӣ ба ин бемориҳо ҷои нигаронӣ нест.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ зикр кард, ки ба гумони ғолиб, беморон шахсоне мебошанд, ки дар давраҳои пешини ваксина нагирифтаанд ё ҳангоми гузаронидани он бемор буданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал, махсусан дар фасли зимистон паҳншавии бемориҳои роҳҳои нафас ба қайд гирифта шуд, ки ин маъмулӣ аст, аммо афзоиши якбора шумораи беморон мушоҳида нашуд.

Бо ин вуҷуд, афзоиш ба бемориҳои сироятие, ки аз ҳайвон ба инсон мегузарад, ба назар расид. Аз ҷумла, бемории сӯхтанӣ, ки он дар тобистон ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои расмӣ, то 1-уми июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати бемории сӯхтанӣ сабт гардида буд. Вале дар тӯли ду соли охир дар кишвар ҳеҷ як марги беморон сабт нашуд.

Акси марбат аз sar-vet.ru

Аз ҷумлаи бемориҳои паҳншудаи сироятӣ дар ин давра сурхакон аст, ки аз 25-уми август то 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар кишвар маъракаи иловагии эмкунӣ ба ин беморӣ баргузор шуд. Эмкунӣ барои кӯдакон аз 6 моҳ то 5 сол дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш ва Фархор, Панҷакент ва Исфараи гузаронида шуд.

“Касоне, ки тобистон сироят ёфтаанд, метавонанд дигар одамонро сироят кунанд, масалан, дар мактаб ва кӯдакистонҳо, яъне шахсоне сироят меёбанд, ки масуният (иммунитет) надоштанд. Ин вазъият то аввали моҳи октябр идома меёбад. Дар нимаи моҳи ноябр мо аз идомаи гепатити вирусии “А” интизорӣ дорем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ин дар ҳолест, ки моҳи июли соли равон Ҷамолиддин Абудуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ гуфта буд, ки “дар шаш моҳ, дар умум дар ҷумҳурӣ нишондоди сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш меёбад”. 

Ӯ ба таври мисол зир карда буд, ки дар шаш моҳи имсол дар кишвар 1 ҳазору 927 ҳолати гирифторӣ ба бемории гепатити А сабт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 561 ҳолат кам шудааст. Соли 2024 дар ин давра 2488 ҳолати гирифторӣ ба гепатити А сабт шуда будааст.

Бемориҳои сироятӣ - касалиҳое, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразитӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо тавассути ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғайра ба организм дохил мешаванд. Ба ин намуди бемориҳои зуком, рӯдаву меъда, сил вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), гепатитҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.