ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Боғи Алишер Навоии пойтахт ҷашнвора барои кӯдакон “Мехӯрам, афзоиш ва рушд мекунам” баргузор мегардад. Он аз соати 11:00 то 15:00  доир шуда, дар фазои рангорангу идона ба кӯдакон имкон фароҳам меорад, ки дар бораи асосҳои ғизои босифат ва тарзи ҳаёти солим иттилоъ гиранд.

Ҷашнвора аз қисматҳои гуногун иборат буда, барои кӯдакон гӯшаҳои алоҳида барои бозиҳои гуногуни интерактивӣ ва варзишӣ омода мешавад. Ҳамчунин меҳмононро намоиши театрӣ дар бораи аҳамияти ғизои солим, консерт бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва намоиши либосҳо интизор аст.

– Имрӯз дастаи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО бо тими “Мурас Юнайтед”-и Қирғизистон бозӣ мекунад. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Долон Умурзоқов”-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон, соати 19:00, бозиро оғоз мекунанд.

Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи “С” тимҳои “Мурас Юнайтед” (Қирғизистон), “Сафо” (Лубнон) ва “Ал-Арабӣ” (Кувайт) ҳастанд.

Дар акси зерин ҷадвали баргузории ҳамаи рақобатҳои “Регар-ТадАЗ”-ро бубинед.

 


 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1933 – Дар шаҳри Душанбе нахустин фабрикаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Аз соли 1964 ин корхона ба ҳайати ширкати “Гулистон” дохил гардид.

Соли 1961 – Дар Тоҷикистон унвони фахрии Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Соли 1963 – Ҷилди аввали китоби “Таърихи халқи тоҷик”, ки онро Институти таърихии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таҳия карда буд, ба табъ расид.

Соли 2018 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Ҳукумати кишвар барои манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд, пешниҳод манзур кард.

Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 15-уми  Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2019 – Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи афв”-ро тасдиқ кард. Дар доираи татбиқи он теъдоде аз мазбусон ба озодӣ баромаданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1910 – Мавлуди Комил Тоҷиев, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1913 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Содиқ, нависанда, рӯзноманигор ва драматурги маъруфи тоҷик.

 

Ҳоҷӣ Содиқ

Ҳоҷӣ Содиқ аз нависандагонест, ки бо нигоштаҳои ҳаҷвӣ, иҷтимоӣ ва пандомӯзаш ҷойгоҳи вижа дорад. Ӯ бештар бо очерк, ҳикояҳо ва драмаҳои ҳаҷвӣ шинохта шудааст. Ҳоҷӣ Содиқ дар асарҳояш ҳаёти одамони одӣ, камбудиҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар шакли ҳаҷв нишон медод. Романҳои “Гардиш”, “Камолот”, “Чоҳкан зери чоҳ”, “Каждуми зери бӯрё”, ки бо забони равон ва шеваи ҳаҷвӣ нигошта шудаанд, аз беҳтарин асарҳои ӯ мебошанд. Ҳамчунин ӯ муаллифи намоишномаҳои “Ҷони нодон дар азоб”, “Бемории ногаҳонӣ”, “Интихоби домод”, “Эшони риш” аст.

Ҳоҷӣ Содиқ хатмкардаи Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. И. Киров буда, фаъолияти худро дар соҳаи рӯзноманигорӣ оғоз намудааст. Солҳои 1941–1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар муҳорибаи Сталинград ҷароҳати вазнин гирифт ва баъди барқароршавӣ аз ҷанг ба кори журналистӣ баргашт ва солҳо дар рӯзномаҳои гуногуни кеишвар кор кард.

Соли 1918 – Мавлуди Абдулҳай Сулаймонов, кимиёшиноси тоҷик.

Соли 1941 – Зодрӯзи Имомбердӣ Мингбоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Имомбердӣ Мингбоев

Имомбердӣ Мингбоев яке аз ҳунарпешагони маъруфи театру синамои миллӣ буда, солҳо дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунар озмудааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии Маскав буда, дар синамо беш аз 30 нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои “Достони Сиёвуш”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Субҳи нави ҷавонӣ”, “Шикорчӣ аз Минархар”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Шаби охирини Шаҳрзод”, ки аксар намунаҳои беҳтарини синамои миллӣ мебошанд, нақш офаридааст.

Соли 1979 – Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар 73-солагӣ даргузашт.

Соли 1996 – София Тӯйбоева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар 83-солагӣ аз олам чашм баст.

 

София Тӯйбоева

София Тӯйбоева дар Қазоқистон таваллуд шуда, аз соли 1931 дар театрҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Дар театри тоҷик нақшҳои Дилбар дар намоишномаи “Ду коммунист”, Луиза дар “Макр ва муҳаббат”, Дездемона дар “Тӯҳмат”-ро иҷро кардааст.

София Тӯйбоева аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик мебошад, ки дар филми “Муҳоҷир” нақши асосии занонаро иҷро кардааст. Дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” нақши Меҳриниссо, дар “Қисмати шоир” Малика (1959), дар “Тӯфон дар водӣ” Мастон-бибӣ, инчунин дар филмҳои  "Ҳасани аробакаш”, “Вақти зангирии писар расид” нақш офаридааст.

Ӯ 26-уми октябри соли 1996 аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

25-уми октябри соли 1990 нахустин маротиба барномаи машҳури бозии “Майдони муъҷиза” (Поле чудес) сабт гардид. Ин барнома, ки ба ширкати телевизионии “ВИД” тааллуқ дошт, намунаи русии лоиҳаи амрикоии маъруфи “Wheel of Fortune” (“Чархи бахт”) ба шумор мерафт. Муаллиф ва роҳбари лоиҳа рӯзноманигор ва ровии маъруф Владислав Листев буд.

 


Намоиши аввалини барнома 26-уми октябри ҳамон сол дар шабакаи якуми телевизиони марказии Иттиҳоди шуравӣ пахш шуд ва зуд миёни тамошобинон маҳбубият пайдо кард.

Ҳамасола 25-уми октябр дӯстдорони макарон, спагеттӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти ордӣ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии макаронро ҷашн мегиранд.

Ин сана соли 1995 баъди баргузории Конгресси байналмилалии истеҳсолкунандагони макарон дар шаҳри Рим (Италия) таъсис ёфт.

Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 600 навъи макарон мавҷуд аст. Усулҳои тайёр кардани онҳо дар ҳар кишвар гуногун буда, Итолиё ватани аслии макарон ба ҳисоб меравад.

 


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм,  рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.