ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Рӯбоҳаки ҳилагар” ба саҳна гузошта мешавад. Коргардони намоиш Зафар Ҷаводов буда, дар жанри афсона таҳия шудааст. Арзиши чипта барои вуруд 20 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи “Травиата” ба саҳна гуҳошта мешавад. Сужаи опера бар асоси романи маъруфи Александр Дюма – “Зан бо камелияҳо” таҳия шуда, ин операи итолиёӣ дар забони асл садо медиҳад. Арзиши чипта 55 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2019 – Дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” доир гардид.

Соли 2022 – Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” иштирок намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1945 – Зодрӯзи Зафар Ҷаводов, ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон ва таҳиягари тоҷик.

Зафар Ҷаводов

Зафар Ҷаводов аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик аст, ки соли 1985 Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанберо таъсис дода, саркоргардонии ин театрро ба уҳда гирифтааст.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Воҳидов оғоз намуда, сипас муддате дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии Қӯрғонтеппа коргардонӣ кардааст.

Ӯ дар саҳнаи ин театрҳо як қатор намоишҳоро ба саҳна гузошта, дар як қатор филмҳои бадеӣ низ нақш офаридааст. “Ситора дар тирашаб”, “Як зиндагӣ кам аст”, “Ҳафт домоди рабудашуда”, “Ишқи нахустини Насриддин”, “Хобҳои апрелӣ” аз зумраи филмҳои нақшофаридаи ӯ мебошанд.

Ҳоло дар Театри давлатии лӯхтаки Душанбе коргардонӣ мекунад.

Соли 1945 – Мавлуди Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, профессор.

Соли 1950 – Мавлуди Давлатманд Холов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

Давлатманд Холов

Давлатманд Холов аз насли фалаксароёни маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои сурудҳои марғуб дилҳои мардумро тасхир намудааст.

Ӯ соли 2004, бо таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он ба фаъолият пардохтааст.

Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва беш аз 200 оҳанг ба мерос гузошт. Сурудҳои маъруфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дур машав” маҳсуб меёбанд.

Моҳи феврали соли 2024 Давлатманд Холов дар 74-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузург барои санъати тоҷик унвон карда, гуфтанд, ки марҳум дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бориз гузошт ва баъди устод Одина Ҳошим фалакро дунявӣ кард.

Соли 1952 – Зодрӯзи Мастона Эргашева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Мастона Эргашева

Мастона Эргашева овозхон ва шашмақомсарои тоҷик буда, фаъолияташро дар ҷодаи санъат ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии Лоҳутӣ оғоз намудааст. Ӯ сониян роҳбарии бадеии Қасри фарҳанги шаҳри Исфара таъин шуда, аз соли 1978 дар дастаи “Шашмақом” ҳунарнамоӣ намудааст.

Ӯ дар иҷрои шохаҳои овозии мақомҳо ва сабти он бо ҳамовозии сарояндагон саҳми хоса дорад. Маҳорати овозхонии Мастона Эргашева дар иҷрои таронаҳои “Нимчӯпонӣ”, “Наврӯзи Сабо”, “Уфари савти камол” эҳсос мешавад. Ӯ ҳамчунин чун оҳангсоз-таронасоз мусаннифи сурудҳои “Таронаи замон”, “Ташаккур”, “Ба модарам”, “Шаҳри ман” аст.

Соли 1963 – Мавлуди Қурбон Ғуломзода, китобдор ва библиографи тоҷик, директори пешини нашриёти “Ирфон”.

Соли 1978 – Зодрӯзи Олга Тутубалина, рӯзноманигор, сармуҳаррири бахши русии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс”.

Олга Тутубалина

Олга Тутубалина яке аз журналистони шинохтаи русзабони Тоҷикистон аст, ки беш аз бисту панҷ сол инҷониб дар ин соҳа фаъолият мекунад. Ӯ имрӯз ҳамчун сармуҳаррири бахши русии Оҷонсии иттилоотӣ ва ҳафтаномаи "Азия-Плюс" фаъолият дорад.

Олга Тутубалина инчунин чанд сол намояндаи Тоҷикистон дар хабаргузории байналмилалии Associated Press дар Тоҷикистон буд.

Давраи кӯтоҳе бо дастаи худ барои ифтитоҳи намояндагии "Спутник-Тоҷикистон" дар Душанбе ҳамкорӣ намудааст.

Номи ӯ баъди додгоҳӣ шудани яке аз навиштаҳояш дар бораи зиёиён дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Ӯ дар навиштааш аз ваъи зиёиён интиқод кард ва онҳоро ба беташаббусӣ муттаҳам намуда буд.

Олга Тутубалина дар навиштани маводҳои таҳлилӣ ва оростани мусоҳиба бо шахcиятҳои шинохтаву зиддунақиз ҳунари воло дорад. Аммо ҳамкоронаш ӯро ҳамчунин муҳаррир ва роҳбари масъулиятшинос, сахтгир ва содиқ ба кор медонанд.

Соли 1993 – Қутбӣ Киром, шоир ва тарҷумони тоҷик дар синни 62 даргузашт.

Қутбӣ Киром

Қутбӣ Киром шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик буда, соли 1932 дар ноҳияи Айнӣ по ба олами ҳастӣ ниҳод. Ӯ хатмкардаи риштаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст. Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали “Шарқи Сурх” чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш бо унвони “Парвози меҳр” соли 1963 интишор ёфт.

Баъдан ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои “Бӯйи нон”, “Илҳом”, “Рези кӯҳсор”, “Остони баланд”, “Хоки пайвандӣ”, “Камон”, “Дафтари Порис” ва қиссаи “Қатли Туғрал”, драмаҳои “Тори муҳаббат” ва “Тири маломат”, филмномаҳои “Бӯйи нон”, “Чор тан дар пайроҳа”, “Антон” мебошад.

Ӯ  ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф. А. Файз, М.Карим, С.Вурғун, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума ва баргардон кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

26-уми октябри соли 1863 рӯзи пайдоиши бозии футбол пазируфта шудааст. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Лондон намояндагони 11 даста ва мактаби англисӣ ҷамъ омаданд ва Ассотсиатсияи футболи Англия (The Football Association)-ро таъсис доданд.


Дар ҳамин ҷаласа аввалин қоидаҳои расмии футбол қабул карда шуданд. Аз ҳамин сана футбол аз дигар намудҳои “футболҳои қадимӣ” (мисли регбӣ) ҷудо гардид ва ба шакли имрӯзаи худ рӯ овард. Аз ин рӯ, 26-уми октябри соли 1863 ҳамчун рӯзи расмии футбол дар ҷаҳон шинохта мешавад.

Ҳамасола 26-уми октябр дар Австрия Рӯзи миллии Ҷумҳурии Австрия ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1955 Австрия истиқлолияти комили худро пас аз солҳои тӯлонии зери тасарруфи хориҷиён будан бозёфт ва мақоми бетарафии худро расман эълон кард.


Пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Австрия, мисли Олмон, ба чор минтақа тақсим шуда, таҳти назорати кишварҳои иттифоқӣ – Иттиҳоди Шӯравӣ, Британияи Кабир, Амрико ва Фаронса қарор дошт. Даҳ сол тамоми ҳудуди он аз ҷониби нерӯҳои ин кишварҳо ишғол гардид, аммо соли 1955 истиқлолияти худро ба даст овард.

26-уми октябри соли 1955 давлати Ветнам таъсис ёфта, Сайгон ҳамчун пойтахти он муайян шуд. То Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ветнам мустамликаи Фаронса буд. Пас аз поёни ҷанг ва шикасти Япония, 2-юми сентябри соли 1945, зери роҳбарии Ҳо Ши Мин, коммунистҳо таъсиси Ҷумҳурии Демократии Ветнам (ҶДВ)-ро дар саросари кишвар эълон карданд. Ин ҳодиса оғози давраи нав дар таърихи Ветнам гардид.


Аммо Фаронса, ки мехост нуфузи худро дар минтақа нигоҳ дорад, ин иқдомро напазируфт ва бо нерӯҳои коммунистии Ҳо Ши Мин вориди ҷанг шуд. Ин муноқиша, ки ба номи Ҷанги якуми Индотино (1945–1954) машҳур аст, тақрибан нӯҳ сол идома ёфт ва бо Созишномаи Женева анҷом ёфт.

Бар асоси ин созишнома, Ветнам муваққатан ба ду қисм тақсим карда шуд: Шимол таҳти назорати Ҳо Ши Мин ва ҳукуматдорони коммунист, Ҷануб бошад, таҳти ҳукумати зиддикоммунистии дастнишондодаи Ғарб.

Ҳамин тавр, 26-уми октябри соли 1955, дар ҷануби кишвар расман Ҷумҳурии Ветнам таъсис ёфт. Ин давлат то соли 1975 вуҷуд дошт ва пас аз пирӯзии нерӯҳои шимолӣ барҳам хӯрд.

Дар баъзе кишварҳо имрӯз Рӯзи модарарӯс ҷашн гирифта мешавад. Ин ид аввал дар Амрико ба вуҷуд омада, баъдтар хусусияти байналмилалӣ гирифт. Агар қаблан ин рӯз дар фасли баҳор таҷлил мегардид, имрӯз онро дар якшанбеи чоруми моҳи октябр ҷашн мегиранд.

Мақсади ин рӯз қадр кардани меҳру муҳаббат ва дастгирии модари ҳамсар аст, ки дар ҳаёти оилавӣ нақши муҳим доранд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм,  рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.