Бо гузашти як ҳафта аз эълони ҷорӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷи (ВКХ)-и кишвар аз ин иқдом “амиқан” изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороте, ки ин ниҳод имрӯз, 1-уми ноябр нашр кард, гуфта мешавад, ки “Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои кишвар ба феҳристи таҳримҳои Итиҳоди Аврупо амиқан нигарон буда, изҳори таассуф мекунад”.
“Тоҷикистон бо пойбандӣ ба уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд”, - гуфтааст ВКХ.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳукумати кишвар ин вазъиятро “ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода”, барои “то ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад”.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-юми октябр бастаи 19-уми таҳримҳо алайҳи Русияро ҷорӣ кард, ки ба он се бонки Тоҷикистон - “Dushanbe City”, "Спитамен" ва "Коммерсбонк" шомил шудаанд. Қарори ин таҳримҳо дар сомонаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо нашр шуда, аз 12-уми ноябри соли 2025 мавриди амал қарор мегирад.
Мувофиқи изҳороти расмии Шӯрои ИА, “онҳо дар нодида гирифтани таҳримҳои ИА иштирок карда, ҳамакнун амалиёти бонкӣ барояшон манъ мешавад”.
Ин чунин маъно дорад, ки баргузории ҳама гуна амалиёте, ки ба субъект ё ширкатҳои ИА дахл дорад, барои муассисаҳои молиявӣ манъ мешавад. Яъне ин ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо низоми молиявии Аврупо, аз ҷумла интиқол ва ҳисоббаробариҳоро бо евро маҳдуд месозад.
Қаблан, Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.
Ҳамчунин, масъулини “Dushanbe City”, "Спитамен" ва "Коммерсбонк" гуфтанд, ки ин таҳримҳо ба корашон таъсир намерасонад, вале огоҳ мекунанд, ки ҳангоми интиқоли фаромарзӣ бо евро метавонанд мушкилиҳо пайдо шаванд.
Онҳо гуфта буданд, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва барои шарҳу тавзеҳ ва эҳтимоли бозбинии қарорҳои мазкур, аз механизмҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ истифода мебаранд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста