Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки дурнамои пешравӣ дар коҳиши миқёси камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба болоравии музди меҳнат ва интиқоли маблағҳои пулӣ вобаста аст.
«Аз коҳиши коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба андозаи ноил гардидан ба афзоиши умумии иқтисод, тадриҷан зиёдшавии даромад аз маош, барқарор шудани ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ва тавсеъаи барномаи кумаки иҷтимоии таъиншуда интизорӣ меравад», - қайд мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон.
Тибқи пешгӯии коршиносони Бонк, сатҳи умумии камбизоатӣ аз 30,3 фоиз дар соли 2016 то ба 25,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш меёбад.
Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки сарфи назар аз чанде қабл беҳтар шудани вазъ дар муҳити глобалии иқтисод, хатарҳои назаррас, аз қабили нишондиҳандаҳои пасти иқтисодҳои минтақавӣ дар оянда ва босуръат поинравии нархҳо ба маҳсулоти ашёи хом чун пешина боқӣ мемонанд, ки ба ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ва даромад аз ҳисоби содирот таъсири манфӣ мерасонад.
«Мавҷуд набудани идоракунии қобили қабул дар бахши молия, дар корхонаҳои давлатии марбут ба тиҷорат бо таркибҳои идоракунии давлатӣ барои ҳамгиройии пурсамар ва зарурӣ мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад, - таъкид мешавад дар гузориш. - Дар ҳамин ҳол, имконоти маҳдуди буҷетӣ дар робита бо сатҳи баланди сарбории қарз ва захираҳои нокофии дохилӣ ва хориҷӣ, Тоҷикистонро нисбати хатарҳои имкондошта осебпазир мекунад».