Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба маблағи ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (145 млн доллар) дар буҷети ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат дар вилоят ва ноҳияҳои ҷудогонаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳамасола ба буҷетҳои маҳаллии вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин 9 ноҳияи тобеи марказ сурат мегирад.

Аз ҷумла бо ин мақсад ба буҷети вилояти Хатлон ҳудуди 838 млн сомонӣ, ВМКБ - 259 млн сомонӣ ва 9 ноҳияи тобеи марказ - 383 млн сомонӣ равона мегардад.

Маблағи мусоидати молиявӣ байни ноҳияҳои тобеи марказ тариқи зайл тақсим карда шудааст:

- Ноҳияи Варзоб – 18,9 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Рашт – 63 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Лахш – 44 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Нуробод – 49 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Рӯдакӣ – 64 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Сангвор – 18 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Тоҷикобод – 31 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Файзобод – 55 млн сомонӣ;

- Ноҳияи Шаҳринав – 40 млн сомонӣ.

Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз кумаки молиявӣ (субсидия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) чӣ фарқ дорад?

Аксарият ин мафҳумҳоро омехта карда, намефаҳманд, ки байни онҳо чӣ фарқият вуҷуд дорад, зеро ҳамаи ин мафҳумҳо ба гирифтани кӯмаки молиявӣ аз давлат марбут аст.

Дар зер барои фаҳмо будани фарқияти байни онҳо ба доираи васеи одамон, талош мекунем, ки онро бо мисолҳо дар зиндагии рӯзмарра шарҳ бидиҳем.

Маблағ барои мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба муҳлати муайян ва ҳадафҳои мушаххас ҷудо карда мешавад ва агар дар муҳлати муқарраршуда барои иҷрои мақсадҳои қаблан муайянгардида истифода нашавад, бояд баргардонида шавад. Масалан, шумо ба фарзандатон пул дода ба мағоза равон мекунед, то ки танҳо тибқи рӯйхат маҳсулот харад. Агар дар мағоза ягон маҳсулоти дар рӯйхат зикршуда набошад, бақияи пулро ӯ бояд ба шумо баргардонад.

Маблағи кумаки молиявӣ (субсидия) бар асоси маблағгузории ҳиссавӣ ба самтҳои ҳадафноки буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда мешавад. Фаҳмотараш, агар фарзандатон аллакай як қисми пули зарурӣ  барои харидани телефони навро ҷамъ карда бошад, шумо маблағ "илова мекунед", то ки ӯ онро харад.

Кумаки молиявии беподош (дотатсия) бе баргардонидан ва бебозгашт бидуни муқаррар намудани самтҳо ва (ё) шартҳои истифодаи онҳо дода мешавад. Одитар, шумо ба фарзандатон “кисапулӣ” медиҳед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.