Дар Душанбе таҳти унвони “Мусоидат ба рушди устувор ва рақобатпазирии занҷираи арзиши иловашудаи зардолу дар Тоҷикистон” семинари муқаддимавӣ доир гардид. Он аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва ширкати машваратии "Нексигол Мушовир" бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Агентии содироти ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз хадамоти матбуоти ФАО дар Тоҷикистон хабар доданд.
Семинар дар доираи барномаи “Як кишвар - як маҳсулоти афзалиятнок” (ОСОР), ки аз ҷониби ФАО соли 2021 роҳандозӣ гардида буд, баргузор шуд. Он ба рушди маҳсулоти нодири кишоварзӣ ва таҳкими ҳамаи занҷира - аз парвариш то фурӯш нигаронида шудааст. Соли 2022 Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти зардолу барои хоҷагиҳои кишоварзӣ, бахусус дар вилотяҳои Суғду Хатлон, онро ба сифати маҳсулоти афзалиятнок интихоб кард.
Сарфи назар аз дастовардҳо дар содироти зардолуқоқ, ин соҳа осебпазир боқӣ мемонад: истеҳсолот кӯна шуда, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва маблағ маҳдуд аст. Инчунин бозор начандон рушдёфта буда, тағйироти иқлим хавфҳои нав ба вуҷуд меорад.
Барои ҳалли он ФАО ва сохтори СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар доираи барномаи глобалии “Суръатбахшӣ ба дигаргун сохтани низомҳои маҳсулоти кишоварзӣ” (АСТА) ба Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ кумак мекунанд. Коршиносон занҷираи ба вуҷуд омадани арзишро мавриди таҳлил қарор дода, барои муайян кардани афзалият ва таҳияи тарҳи сармоягузорӣ кумак мекунанд. Равиши АСТА ба моделҳои тиҷорат, низомҳои бозор ва шарикии инноватсионӣ, ки бояд сармоягузориҳои навро ҷалб созанд, асос ёфтааст.
“Зардолу на танҳо маҳсулоти муҳим барои иқтисод, балки рамзи осори кишоварзии Тоҷикистон аст. Ҳадафи мо дар баланд бардоштани арзиш, сифат ва устувории соҳаи зардолупарварӣ ифода меёбад, то ки он ба фаъолияти кишоварзону боғдорон, савдо ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад”, - зикр кардааст Агаси Артуюнян, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
Дар кори семинар намояндагони сохторҳои давлатӣ, тиҷорат ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок карданд. Он оғози талошҳои миллӣ дар самти рушди соҳаи зардолупарварӣ ва чорабинии якум аз се машварат дар доираи OCOP-ACTA шуд. Ҳадаф аз онҳо роҳандозии ҳамоҳангӣ ва таҳияи харитаи роҳ баҳри рушди устувори соҳаи истеҳсоли зардолу дар Тоҷикистон мебошад.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста