Дар ноҳияи Нуробод рӯзи 10 январ бар асари садамаи нақлиёт ду мусофирзан ҳалок шуда, ронандаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бморхона бистарӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Зикрулло Набиев, ронандаи 52-солаи автомашинаи тамғаи Opel Vectra, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи сабукрав чаппа шудааст.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса, ду мусофирзани он - Сайлигул Ҳасановаи 49-сола ва Муслима Мочоиеваи 67-сола ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ВКД илова намуданд, ки ронандаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео аз ҷойи садама нашр шуда, дар он зикр шуда буд, ки бар асари ин ҳодиса дар Нуробод якчанд нафар ҳалок шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.