Бар асари гармии ҳаво бархе минтақаҳои хушкшудаи ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон оташ гирифта, нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Вале мақомот мегӯянд, оташ баланд набуда, ҷои ташвиш нест.
Чанд сокини деҳаи Зарчашмаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯзи 24-уми июл бо ирсоли чанд аксу навор аз минтақаҳои оташгирифта ба “Азия-Плюс” нигаронӣ карданд, ки қисме аз ҷангали деҳаашон сар аз рӯзи 22-юми июл инҷониб месӯзад.
“Оташ баланд шуда истодааст, мардуми деҳа барои хомӯш кардани оташ ҷалб шудаанд ва дар ҷои ҳодиса танҳо раиси шаҳрак қарор дорад. Мардум дарахтонеро, ки оташ гирифтаанд, бурида истодаанд то ба дигар дарахтон нагузарад”, - гуфт як корбари “Азия-Плюс”, ки аксу навор фиристод, вале хост аз ӯ ном набарем.
Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхтори дарахтон паҳн шудааст, ки ба гуфтаи корбарон, ҷангалҳои шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Махсудзода директори хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дирӯз, 25-уми июл дар сӯҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” сар задани оташ дар чангалҳои колхози Эрчигитови ноҳияи Аштро дар рӯзи 22-юми июл тасдиқ кард, вале гуфт. “ин масъала боиси нигаронӣ нест, зеро сӯхтори калон сар назадааст”.
“Оташ худи ҳамон рӯз хомӯш карда шуд. Аз ҳисоби шамол ва гармӣ аз зарраҳои хурди боқимондаи оташ дуюмбора сӯхтор сар зада, ки бегоҳии рӯзи 24-уми июл хомӯш карда шуд”, - гуфт вай.
Номбурда таъкид кард, ки ҳоло гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, дар ҷои ҳодиса навбатдор гузоштаанд, ки минтақаро назорат кунад, то сӯхтор бори дигар сар назанд.
Ин масъули хоҷагии ҷангали вилоят дар посух ба нигаронии сокинони шаҳраки Адрасмон гуфт, ки оташ аз ноҳияи Ашт оғоз шуда, то шаҳраки Андрасмони Гулистон нарасида, хомӯш карда шуд.
Ӯ афзуд, ҳаҷми паҳноии минтақаи оташгирифта ҳоло маълум карда нашудааст.
“Сабабҳои сар задани оташ то ҳол омӯхта мешавад, бо гумони зиёд сӯхтор аз ҳисоби гармии зиёд сар задааст”,- гуфт Фирдавс Махсудзода
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои сӯхтори ҷангалзорҳо паҳн шудааст, ки ба гуфтаи корбарон он минтақаҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аст.
Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар робита ба ин сӯхторҳо то ҳол маълум нест.
Ҳодисаи сӯхтори ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон маъмул нест. Гоҳо бар асари гармо ё оташбозиҳо ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон месӯзад, ки хисороти зиёд дар пай надорад.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста