Прокурори Ҳавзаи маъмурии Ҷанубу Ғарбии Маскав хулосаи айбдориро нисбат ба 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ба варзишгар Сергей Чуев ҳамла карда буданд, тасдиқ кард.

Тавре дар сомонаи Прокуратураи генералии Русия хабар дода мешавад, вобаста ба нақш ва сатҳи иштирок онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шуд, авбошӣ, лату кӯб ва таҳдиди куштор гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи фарзияи тафтишот, дар боғ онҳо ҷабрдидаро лату кӯб мекунанд, ки ӯ ба об меафтад. Идомаи лату кӯб ба он оварда мерасонад, ки ҷабрдида зери об рафта, ғарқ ва ҳалок мешавад.

Гуфта мешавад, дар айбномаи тафтишот инчунин зикр шудааст, ки баъди ин гумонбаршудагон ба дигар шахсони дар боғ сайругаштдошта низ таҳдид карда, нисбат ба се нафар занон ва як ноболиғ аз зӯроварии ҷисмонӣ кор гирифтаанд.

Парвандаи ҷиноятӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба суди ноҳияи Зюзино фиристода мешавад. Айбдоршавандагон дар ҳабс боқӣ мемонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.