Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 31 май дар бораи кирдори номуносиб ва бадрафтории хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаии умумии №76-и шаҳри Душанбе навори видеоӣ нашр шуд.

Тавре Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, чуноне дар навор дида мешавад хонанда нисбати муаллимаи худ беҳурматӣ зоҳир намуда, ӯро бо як лаҳни тунд аз дари синфхона берун мекунад.

Гуфта мешавад, ҳамагӣ баъди 1-соати нашри навор муайян карда шудааст, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М.-и 17-сола содир гардида, нисбати падараш - Некрӯз Лиқоеви 49-сола барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд. Ин мард ҷарима шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.