Пулиси Душанбе дар пайи як амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер” дар пойтахт беш аз 1 ҳазору 300 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар ин муддат, 1 ҳазору 250 ронандаи мошин барои набастани тасмаи бехатарӣ ва 60 ронандаи дучарха ва скутерҳои барқӣ барои қоидавайронкунии ҳаракати роҳ ҷарима шудаанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки нисбати ронандагон барои набастани тасмаи бехатарӣбо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ маъмурӣ аз 37 ё 75 сомонӣ ё аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ шудаст.
“Ҳамзамон, нисбати беш аз 60 ронандаи дучарха ва скутери барқӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон кардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуданд”,-навиштааст манбаъ.
Маълум нест, ки онҳо чӣ қадар ҷарима шудаанд. Аз Раёстаи ВКД дар пойтахт ба “Азия-Плюс” танҳо гуфтанд, ки нисбати ронандагони дучарха ва скутер бо далелҳои гуногуни қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Назари худи ронандагон дар робита ба ин масъала маълум нест.
Дар ҳаимн ҳол, пулиси Душанбе, рӯзи 21-уми сентябр дар як гузориш хабар дода буд, дар ҷараёни амалиётҳои шартии ин ниҳод дар Душанбе 176 ҳазору 231 далели дигари қоидавайронкунӣ дар роҳро ошкор кардаанд.
Ҳамчунин ин ниҳод гфта буд, ки давоми соли равон дар Тоҷикистон дар пайи 140 садамаи “мототсикл”-у “скутер”-ҳо 51 тан ҷон бохта, 122 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бояд гуфт, амалиёти “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер” дар Душанбе 15-уми сентябр то 25-уми сентябр идома кард.
Мақомот мегӯянд, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти ҳаракати сокинону мусофирон аст. Ба таъкиди онҳо бештари садамаҳои нақлиётӣ, дар пайи набастани тасмаи бехатарӣ сар мезанад.
Қаблан, мақомот дар Тоҷикистон амалиёти “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо” баргузор кардад, ки дар натиҷа, беш аз 28 ҳазору 500 ронанда барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста