Рӯзи 4 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашқобод оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди Сарони ду давлат ба поён расид.

Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон идома ёфт. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

1/7

Дар охири музокирот Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон мувофиқ бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.

Сипас, 19 санади зерин ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон;

- Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2021-2023;

- Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои хориҷии Туркманистон дар бораи ташкили хонаҳои савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон;

- Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022-2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон;

- Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати сайёҳӣ ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2024;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ;

- Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Туркманистон;

-Созишномаи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Ахали Туркманистон;

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

- Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2021-2023;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон;

1/7

Нимаи дуюми рӯзи 4-уми август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.

Дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ”-и шаҳри Ашхобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда  дар назди “гулхани абадӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов қабулшуда дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон зикр шуд, ки Тоҷикистон тасмим дорад минбаъд низ тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро, ки имрӯз дорои хусусияти стратегӣ мебошанд, пеш барад.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки ба доираи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисод тавсеа бахшида шуда, ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи доираи он бо дарназардошти имконоти ҷонибҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Инчунин дар Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов гуфта мешавад, сарони давлатҳо изҳори итминон карданд, ки хислати устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дарозмуддати мардумони ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат мекунад.

1/5

Президентҳо аҳаммияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи номгӯи онро зикр карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.