“Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд”, - гуфта мешавад дар Паёми шодбошии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар паёми шодбошӣ зикр мегардад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он буда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.
“Ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям...
...Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявии он рӯзҳо, мо Артиши миллиро амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем ва сипас ба ташкили қисму воҳидҳои махсус, омодасозии мутахассисони низомӣ ва бо техникаву таҷҳизот таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намудем...
... Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд”, - таъкид мешавад дар паём.
Президент хотиррасон намуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ “дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд”.
“Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд.
Вақтҳои охир вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат гирифта истодааст. Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад.
Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд”, - зикр мешавад дар паём.
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кард, ки доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ дар қисму воҳидҳо, омода намудани мутахассисони ҳарбии дорои сатҳи баланди касбият, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани ҳайати шахсӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, ба масъалаҳои азхудкунии техникаву технологияҳои замонавӣ, таҷҳизоту воситаҳои ҳарбии муосир ва забономӯзии афсарону сарбозон диққати доимӣ ва ҷиддӣ диҳанд.
“Ба тамоми роҳбарон ва ҳайати фармондеҳӣ такроран таъкид менамоям, ки ба риояи қатъии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот, волоияти қонун ва сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Бори дигар тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо ифтихори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, иродаи мустаҳкам ва рӯҳи шикастнопазир орзу менамоям”, - гуфта мешавад дар фарҷоми паём.