Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ҳамроҳ бо Комиссияи Аврупо, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ҳамчунин як қатор дигар шарикон талош хоҳанд варзид, то ки иншооти партовҳои уран дар минтақаи Осиёи Марказиро безарар гардонанд. Дар ҳошияи иҷлосияи 61-уми Конфронси генералии МАГАТЭ дар Вена дар ин хусус созишнома ба имзо расид.
«Истихроҷ ва истеҳсоли уран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нимаи солҳои 40 то солҳои 90-уми асри гузашта сурат гирифта, он замон на ҳамеша аз бехатар гӯронидани партовҳои ин ҷараён фикр мекарданд. Дар натиҷа маводи радиоактивӣ ва токсикӣ (заҳрнок), ҳамчунин конҳо ва иншооти зербино имрӯз барои муҳити зист ва солимии аҳолӣ хатар доранд», - хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ.
Ба иттилои манбаъ, дар созишнома тадбирҳои мунтазаму пурсамар ва сарфакорона оид ба безарар гардонидани чунин иншоот пешбинӣ шудааст. Дар маросими имзои созишнома дар Вена намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.
«Талошҳои мо ба ҳифзи муҳити зист ва вазъи солимии наслҳои имрӯз ва ояндаи сокинони маҳаллӣ нигаронида шудааст», - гуфтааст зимни суханронӣ муовини директори генералии МАГАТЭ Хуан Карлос Лентихо.
Зимнан зикр мегардад, ки маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкурро Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба дӯш гирифтааст.