Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар қаламрави минтақаҳои кӯҳии ҷумурӣ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо истинод ба ин маълумот огоҳ мекунад, ки аз ҷумла, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии ВМКБ хатари тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.
Гуфта мешавад, хатари фаромадани тарма ва сангреза дар ин манотиқ эҳтимоли зиёд дорад.
“Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед, - омадааст дар хабари Кумита. - Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ, гузор аз минтақаҳои тармахез маслиҳат нест”.
Зикр мегардад, ки хатари лағзиши тарма ва резиши санг ҳамоно дар минтақаҳои ВМКБ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим зиёд аст.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста