Охири моҳи сентябр расонаҳо аз кушта шудани Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар доданд. Сумая Саидова, ҳамсари Исломиддин Раҳматов, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ тавр шавҳараш ба артиши Русия пайваст ва кушта шуд.

Сумая Саидова гуфт, ки Исломиддин Раҳматов соли 2002 дар Тоҷикистон ба дунё омада, вақте 9 сол дошт, бо волидонаш ба Русия рафт ва шаҳрвандии ин кишварро пазируфт. Ӯ се бародару ду хоҳар доштааст.

Ба қавли ҳамсараш, Исломиддин дар мактаби низомӣ таҳсил ва дар артиши Русия адои хидмат кард ва “зери таъсири як гурӯҳ ба ҷанг рафт”.

“Гурӯҳе ҳаст дар паёмрасони Telegram, ки бо истифода аз эътиқоди динӣ шаҳрвандонро фиреб дода, ба имзои шартнома бо артиши Русия водор мекунад. Исломиддинро як дӯсташ ба ин гурӯҳ даъват кардааст. Зери таъсири ин гурӯҳ ӯ фирефта шуд”, - зикр мекунад Саидова.

Ҳамсари Исломиддин мегӯяд, ки баъди имзои шартнома бо Вазорати дифои Русия ба ҷанг алайҳи Украина рафт ва аз пояш захмӣ шуда, 21 рӯз ба рухсат баромад.

“Вақте дар рухсатӣ буд, мо издивоҷ кардем. Баъди анҷоми рухсатӣ ӯро дубора ба ҷанг даъват карданд. Баъди як муддат бо даъвати шавҳарам ман ҳам ба Донетск рафтам. Чанд вақт дар ин шаҳр зиндагӣ кардем. Вақте огоҳ шуд, ки ба майдони ҷанг меравад, 11-уми сентябр маро дубора ба шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир фиристод”, - гуфт Сумая Саидова.

Ӯ зикр мекунад, ки то 15-уми сентябр бо шавҳараш тамос дошт ва охирин паёмаш “зинда мемонам” буд. Баъди он, дигар ба навиштаҳояш посух нагирифт.

“Ҷустуҷӯ кардем, аз мақомот пурсидем, аммо бенатиҷа буд. 17-уми сентябр як дӯсти ҳамсарам навишт, ки Исломиддин кушта шуд”, - гуфт Саидова.

Сумая мегӯяд, мақомоти Русия ҷасади шавҳарашро дер ва баъди муроҷиати тӯлонӣ, рӯзи 25-уми сентябр барои ба хок супоридан додаанд.

“Шавҳарам ду по ва як даст надошт, рӯяш сӯхта буд, шинохтан ғайриимкон буд. Худам ҷасадашро шиносоӣ кардам ва 26-уми сентябр дар шаҳри Юрйев-Полский дафн кардем”, - нақл кард Сумая.

Ин зан гуфт, дар ин ҷанг як дӯсти шавҳараш, ки зодаи Тоҷикистон буд, низ кушта шудааст ва танҳо дасти ӯро пайдо кардаанду халос.

Сумая Саидова, ки ҳоло ҳомила аст, мегӯяд, кушта шудани шавҳар барояш сахт буд ва то ҳол ба худ наомадааст. Танҳо интизории фарзанд ӯро барои зистан ангеза медиҳад.

 

Қабрҳои сарбозони рус, ки дар ҷангҳои Украина дар вилояти Краснодар кушта шудаанд.
REUTERS

Бояд гуфт, пештар низ хабари кушта шудани чанд зодаи Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина ширкат доштанд, расонаӣ гардида буд. Ҷасади бархеи онҳо ба ватан оварда шуда буд. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ширкат ва марги шаҳрвандонаш дар ин ҷанг вокуниш накардаанд.

Танҳо чанде пеш Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ягон шаҳрванди кишвар “барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Баъзе шаҳрвандон худашон душаҳрвандӣ доранд, чӣ шаҳрвандии Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед. Яъне, масъалаи иштирок карданро худи давлат масъалагузорӣ мекунад нисбати ҳамон шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст. Барои ҳамин, ин ба шаҳрвандии худи шахс вобаста асту ба хоҳишу ӯҳдадориҳои ӯ”, - гуфт Ҳабибуло Воҳидзода.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.

То ҳол теъдоди мушаххаси тоҷикону тоҷикистониёне, ки дар артиши Русия зидди Украина меҷанганд, маълум нест. Дар ҳамин ҳол, ба гузориши тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам"-и Украина, 930 тоҷикистонӣ аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, аз тарафи Русия ба ҷанг рафта, тақрибан 200 нафарашон кушта шудаанд.

Аз ин пештар, дар як таҳқиқоти журналистии ББС ва “Медиазона” зикр мешуд, ки 72 шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, кушта шудаанд, ки ин дар миёни хориҷиёни кушташуда дар ин ҷанг, аз ҳама бештар будааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда, дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги онҳо дар муҳоҷират, ба артиш ва ҳамин тариқ, ба ҷанг шурӯъ намуд.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.