Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр ва ба сомонаи «Asia-Plus»-ро чанд рӯз пештар қатъ карданд. Дар Хадамоти алоқа ин масъаларо шарҳ намедиҳанд, коршиносон мегӯянд, ин қатъкуниҳо танҳо ба беҳбуди сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ мусоидат мекунад.
“Нимаи дуюми дирӯз қатъи дастрасӣ оғоз шуд. Мессенҷерҳо (Viber, What’s App, Telegram)-и ман кор намекарданд. Баъдтар ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ ворид шуда натавонистам”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” Шариф Давронов, сокини шаҳри Душанбе.
Корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон дар бораи қатъи навбатии дастрасӣ дирӯз, 6 ноябр хабар доданд.
“Интернет хуб кор мекард, ногаҳон қатъкуниии дастрасӣ оғоз гардида, воридшавӣ ба Facebook ва Youtube имкон надошт. Ман базудӣ VPN-ро ба кор дароварда, ба Facebook ворид шудам ва дар он аксҳо ва навори видеоро аз гирдиҳамойӣ (дар Хоруғ) дидам”, - мегӯяд Ҳасан Раҳматов, корбари шабака.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон масъаларо ба “Азия-Плюс” шарҳ надода, маслиҳат доданд, ки ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ муроҷиат кунем. Ин ҷо ба мо изҳор доштанд, ки аз қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ умуман чизе намедонанд.
“Мо ба муштариёни худ танҳо интернет пешниҳод мекунем. Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба мо вобаста нест. Инро бе мо ҳам карда метавонад”, - гуфтанд дар Марказ.
Ба ақидаи мураббии расонавӣ (медиатренер) ва блогнавис Рустам Гулов қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расонаҳои иттилоотӣ танҳо ба беҳтар шудани сатҳи саводнокии рақамии корбарони сомонаҳо дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, зеро ба ин васила онҳо маҷбур мешаванд, ки дигар роҳу воситаи дастрасӣ ба сомонаҳоро дарёбанд.
Ба қавли Гулов, ба одамони фарсахҳо дур аз технологияҳо, ки фарқи байни VPN ва анонимайзерҳо (қуфлкушо)-ро намедонанд, кофист, ки мавҷудияти сомона, барнома ва замимаҳоро барои компютеру сматрфонҳо ҷиҳати ворид шудан ба сомонаҳои дастрасиашон қатъшуда бидонанд.
“Қатъи дастрасӣ ҳеҷ гуна самар намедиҳад. Одамон ба ворид шудан ба сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоии дастрасиашон қатъгашта идома медиҳанд ва қатъи дастрасӣ ба дахолат ба ҳаёти шахсӣ монанд аст. Табиист, ки бо қатъи дастрасӣ одамонро аз захираҳои интернетии дӯстдоштаашон дур кардан имкон надорад”, - мегӯяд коршинос.
Қатъи дастрасии ҳозира дар Тоҷикистон нахустин нест, ахиран дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳи августи соли равон баъди амали террористӣ дар ноҳияи Данғара, ки дар натиҷаи он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуда буданд, сурат гирифта буд.
Он замон ба ҷуз сомонаҳои агентиҳои иттлоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба анонимайзерҳо низ қатъ шуда буд, ки тавассути он воридшавӣ ба сомонаҳои дастрасиашон қатъгашта имкон дошт. Дар дастрасӣ ба чанде аз мессенҷерҳо ҳам мушкил вуҷуд дошт.
Баъди ҳодисаи Данғара дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” қатъ шуда, қариб ду моҳ сомона дастнорас буд. Нимаи моҳи октябр дастрасӣ ба сомона имконпазир шуда, лекин аз 2 ноябр корбарон боз аз ҷой доштани маҳдудиятҳо дар дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” хабар медиҳанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.