ЭЪЛОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР
Фонди Тоҷикистонии Оғохон барои иҷрои корҳои сохтмон тендер эълон мекунад
Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) -и лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар доираи амалисозии лоиҳаи “Шукуфои Тоҷикистон: Шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендер барои иҷрои корҳои сохтмонии зерин даъват менамояд:

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро тариқи почтаҳои электронии [email protected] ё [email protected] баъди пардохти маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои тендери 100 (сад) сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ҳамчун пардохти бебозгашт ба суратҳисоби ташкилот сурат гирад.
Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ
Шерзамонов Ёдгор, телефон: 935008990; е-mail: yodgor.sherzamonov@akdn.org
Шахсони масъул барои пешниҳод ва қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: 93-885-89-89; е-mail: [email protected]
Дар ш. Душанбе: Қудратов Улфатшо, телефон: +992372247650; е-mail: [email protected]
Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 23-уми июни 2021 соати 10:00 мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” нишондодашуда ва дар лифофаи мӯҳршуда дар ду нусха (аслӣ ва нусха), омода ва ба шахсон ва суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз муҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.
Диққат! Иштирокчиёни тендер соати 15.00 санаи 23-уми июни 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК ба суроғаҳои ш. Хоруғ кӯчаи Ш.Шотемур 82 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум барои иштирок дар раванди кушодани пешниҳодоти тендерӣ даъват карда мешаванд. Бо худ доштани ҳисобҳои сметавӣ дар шакли электронӣ ҳатмист.
Ташкилот-Фармоишгар ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста