Сар аз 9-уми август, хонандагоне, ки имсол ба синфи 1 мераванд, барои мутобиқшавӣ ба барномаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсон Сафарзода хабар дод.
Субҳи имрӯз Сафарзода ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки давраи мутобиқшавии хонандаҳои синфи як аз 10-уми август оғоз мешавад. Аммо нусхае аз фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора, дастраси "Азия-Плюс" шуд, ки дар он оғози давраи мутобиқшавӣ аз 9-уми август то 20-уми август, яъне 10 рӯзи таълимӣ гуфта шудааст.
Эҳсон Сафарзода гуфт, ки давраи мутобиқшавии мактабхонҳои синфи аввал 10 рӯз, то 20 август тӯл кашида, баъдан онҳо низ мисли хонандагони дигари мактабҳо 1 сентябр ба таҳсил оғоз мекунанд.
- Ҳар сол барномаи омодашавӣ аз 1 август шурӯъ мешуд, имсол бо дарназардошти пандемияи коронавирус ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки аз 10 август оғоз шаванд. Акнун хонандагони синфи 1 аз 10 то 20 август давраи мутобиқшавӣ гузашта, мисли дигар хонаннадгон таҳсилро аз 1 сентябр оғоз мекунанд,-гуфт Сафарзода
Оғози соли таҳсил дар Тоҷикистон 1-уми сентябр аст. Соли гузашта ба далели ин ки дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 дар Тоҷикистон бемории ҳамагири вируси куруно хуруҷ карда буд ва мактабхонҳо қабл аз муҳлат ба таътили тобистона рафтанд, дарсҳо аз 17-уми август оғоз шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста