Тибқи маълумоти гуногун аз 33 то 49 фоиз аҳолӣ дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд. Мушкилоти бештар дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба назар мерасад - яке аз онҳо ноҳияи Восеъ.

“Дар деҳаи мо як обанбор аст, ки ҳама аз он ҷо бо навбат ва ҳаҷми муайян (лимит) об мегиранд, - мегӯяд Дилафрӯз Юсуфова, сокини деҳаи кӯҳистонии Хоҷа Муъмин.  - Аз ин рӯ муноқишаҳо низ сар мезананд. Ба наздикӣ ду зан ҷанҷол шуданд. “Чаро ба дигар зан ду “фляг” (зарф) об додеду ба ман бошад ду “бистлитра” медиҳӣ!?”,- гуфта, ӯ дигар занро зад, ва охирин беҳуш шуда афтид”.

Маъмулан кашонидани об ба зиммаи занон гузошта шудааст. Онҳо бо аробаҳо ҳар рӯз ба хонаҳояшон садҳо литр мекашонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.