Рӯзи якшанбе пас аз танаффуси зиёд борони пуршиддати кӯтоҳмуддат борида, ба сар задани як қатор офатҳои табиӣ боис гардид. Лекин ҳавои моҳи аввали фасли тирамоҳ нисбатан гарм мешавад. Ҳаҷми боришоти моҳона ба сурати умум аз меъёр кам хоҳад шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳвашиносии ҷумҳурӣ.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар ҷумҳурӣ моҳи сентябр 1-2 дараҷа аз меъёр баландтар шуда, моро моҳи гарми тобистона интизор аст. Ҳолатҳои фаромадани чангу ғубор ҳам аз эҳтимол дур нест.
Бе боришот, лекин бо чангу ғубор
Аввали фасли тирамоҳ ҳаво дар ҷануб - вилояти Хатлон гарм мешавад. Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе низ чунин обуҳаво дар назар аст.
Нимаи аввали моҳ дар ин ҷойҳо ҳарорат дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 32-27 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи дуюми моҳи сентябр поинравии ҳарорат - шабона то 10-15 ва рӯзона 28-33 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 7-12 ва рӯзона 20-25, баъзе рӯзҳо то 14- 19 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Ҳаҷми боришоти моҳона баъзан дар ҳудуди камтар аз меъёр (меъёр дар водиҳо 0,1-1,8 мм, дар доманакӯҳҳо - 4,2-8,7 мм) дар назар аст.
Дар баъзе рӯзҳои ҷудогона пурзӯр гардидани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/с бо чангу ғубор пешгӯӣ мегардад.
Дар Суғд ҳарорат каме поин меравад
Аввали моҳ дар вилояти Суғд дар водиҳо шабона 14-19, рӯзона 30-35, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи дуюми моҳ ҳарорат шабона 9-14, рӯзона - 25-30, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 5 дараҷа, рӯзона 15-20, дар баъзе рӯзҳои ҷудогона рӯзона то 10-15 дараҷа гарм поин меравад.
Дар водиҳо боришот аз меъёр кам ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёр зиёд (меъёр дар водиҳо 2,5-8,1 мм, дар кӯҳҳо - 5,3-11,2 мм) мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ нимаи аввали моҳи сентябр ҳарорат шабона 10-15 ва рӯзона - 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи дуюми моҳ поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад: шабона то 4-9 дараҷа ва рӯзона - то 18-23 дараҷа гарм.
Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 0-5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 11-16 то 6-11 дараҷа гарм. Дар ин ҷо боришот аз меъёр (меъёр 2,5-5,6 мм) зиёд мешавад.
Ҳамин тариқ, моҳи сентябр дар Тоҷикистон ҳаво гарм бо ҳарорати баландтар аз меъёри мавсимӣ мешавад.