Рӯзҳои 29-30-уми ноябр дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир гардид. Ин як имкони хубе арои шиносоии наздик бо асарҳои рассомнони муосир ва харидории расми писандида буд.

Дар ин рӯзҳо, дар Академия фазои идонаи пур аз рангҳои дурахшон ҳукмфармост буда, бӯй ва таровати рангҳо ба машом мерасид. Ҳамаи устохонаҳои рассомон бо меҳмоннавозӣ боз буданд ва бинандагонро истиқбол мекарданд. Ҳар касе, ки мехост ба олами санъати тасвирӣ ғӯта занад, на танҳо метавонист асарҳои тайёрро тамошо кунад, балки раванди офаридани асарҳои навро низ мушоҳида намояд.

Дар намоиш беш аз офаридаҳои зиёда аз 20 рассом дар самтҳои гуногуни мусаввирӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар ин ҷо асарҳо бо мавзӯъҳои гуногун ва барои ҳар завқ пешниҳод шуда буданд.

Ҳамчунин, расмҳои нодири мозаикӣ аз сангҳои ороишӣ буданд, ки мустақиман дар устохонаҳо дар дастгоҳҳои махсус коркард шуда, бо заҳмати зиёд ба тасвирҳои зебо ҷамъоварӣ мегарданд.

1/13

Дар ин ҷо бо корҳои Фурқат Карамхудоев, Дилмурод Шарипов, Мақсуд Мирмуҳаммадов, Пайрав Гулов, Парвина Гулова, Илёс Мамадҷонов, Эраҷ Олимов ва дигарон аз наздик шинос шудан мумкин буд. Ҳамчунин, асарҳои рассоми маъруф Вафо Назаров, ки моҳи январи соли гузашта аз дунё гузашт, ба намоиш гузошта шуда буданд.

Барои бисёре аз рассомон Академия на танҳо ҷои кор, балки хонаест, ки дар он зиндагӣ карда, офаридаҳои нодири худро эҷод мекунанд.

1/29

Рӯзҳои дарҳои кушода бо ташаббуси директори Академияи мусаввирӣ Олимхон Рабизода ва бо дастгирии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон панҷумин сол аст, ки баргузор мегардад. Дар ин рӯзҳо ҳар кас метавонад бо равандҳои зиндаи эҷод шинос шавад ва ҳамзамон рассомони маъруфро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намояд. Зеро ҳар як расме, ки писанд меояд, метавонад зеби хонаи шумо гардад ё тӯҳфаи нодир бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.