Моҳи майи соли равон мақомоти Тоҷикистон намоишномаи коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов - «Манқурт. Реквием»-ро манъ карданд. Он замон масъулони театр бидуни шарҳ, ба тамошобинон гуфтанд, ки намоиш «аз боло» манъ шудааст.

Ба ин монанд, дар Қирғизистон мақомот намоишномаи «Дежавю»-и Алексей Торкро лағв карданд. Онро «зидди президент» гуфтанд. Оё чунин “тасмим” дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дида мешавад ва чаро? Дар мводи зерин маълумот медиҳем.

Барзу Абдураззоқов, дигар парво надорад, ки намоишҳояшро дар Тоҷикистон қабул намекунанд. Ӯ дар як суҳбати худ бо Радиои Озодӣ, пас аз намоиши "Ҳамсинфон. Сабақҳои зиндагӣ", ки рӯзи 3-юми ноябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар доираи 8-умин ҷашнвораи театрҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, афзудааст, агар дар Тоҷикистон қабул надоранд, дар ними дунё қабул доранд.

Тоҷикистон

Барзу Абдураззоқов аз ангуштшумортарин коргардонҳои тоҷик аст, ки дар чанд соли охир намоишномаҳояш дар театрҳои Тоҷикистон рӯйи саҳна намеоянд, вале дар хориҷ аз кишвар, масалан дар Қирғизистону Қазоқистон даҳҳо намоишномаро рӯйи саҳна гузоштааст.


Бори охир, мақомот намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматовро манъ карданд.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ сабаби манъи намоишномаро аз матни асар дур рафтани коргардон ва мувофиқ набудан ба сиёсати имрӯза маънидод кард.

Аз ин пештар, соли 2009 баъди нахустнамоиши «Девонагӣ, соли 93»-и Барзу Абдураззоқов, ки рӯзи 17-уми март дар Театри академӣ-драмавии русӣ ба номи Маяковский сурат гирифт, мақомот нагузоштанд, намоиши он идома ёбад.

Масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки дар нахустнамоиш ширкат доштанд, дар он як ҳамгуниҳоеро дидаанд, ки гӯё инқилобӣ будаанд.

Ҳамин тариқ, баъди баҳсу мунозираҳои тӯлони, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 27-уми марти соли 2009 намоиши «Девонагӣ. Соли 93»-ро дубора иҷозат дод.

Дар баробари ду намоишномаи Барзу Абдураззоқов ҳамчунин, соли 2017 намоишномаи “Неужели меня нет” (Наход ман набошам) ҳам манъ шуда буд. Вале масъулини театр мегӯянд, онро мақомот манъ накардаанд, танҳо як нофаҳмӣ буд.

Хуршед Мустафоев, саркоргардони ин театр дар суҳбат бо мо гуфт, намоишнома дар пайи навиштаи як рӯзноманигор, ки онро нодида “танқид” кард, ба мушкил мувоҷеҳ шуд.

“Ин рӯзноманигор акси намоишномаро, ки дар он ҷавон бе курта шишта буд, дида, навишт, ки гӯё дар театри мо фаҳшро намоиш медиҳем. Баъди навиштаи ӯ, сару садо зиёд шуд ва билохира мақомот дахолат карданд”, - гуфт Мустафоев.

Ӯ афзуд, баъдан, мақомот онҳоро даъват кард, намоишномаро диданд, ки дар он фаҳш нест. Баъдан, ин рӯзноманигор хатои худро фаҳмид ва узр пурсид.


Хуршед Мустафоев, гуфт метавонистанд онро дубора ба намоиш гузоранд, вале аз сабаби он ки озурда шуданд ба саҳна нагузоштанд.

“Акси ҷавони бекурта рамзист. Дар охири намоишнома ҷавонро мекушанд. Рамз нишон додем, ки аз пушт куртаашрро мекашанд, ин ба он маъно буд, ки рӯҳ ё ҷонашро рабуданд, ҷисмашро гузоштанд”,- зикр кард Хуршед Мустафоев.

Қирғизистон

Моҳи майи соли равон комиссияи адабӣ-коршиносии назди Вазорати фарҳанг намоиши спектакли “Дежавю”, ки аз рӯи пйесаи Алишер Ниёзов (Алексей Торк) «Мечты сбываются» (Орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд) ба саҳна гузошта шудааст, манъ кард, менависад Kaktus.media.


Сабаби манъ шудан аз ҷониби комиссияи давлатӣ ба гуфтаи ӯ, “беэҳтиромӣ ба мақоми президентӣ”, “пойҳои каҷ”-и персонаж (қаҳрамон) ва симои духтар, маъшуқаи олигарх” будааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Институт медиа полиси, соли 2021 дар арафаи маъракаи интихоботи сарвари давлат аз репертуари Театри драмавии “Бобур”-и Қирғизистон спектакли «Онолмок беле биз качан, ордодо турса уч пахан» (Вақте се падархонд (пахан) дар сари қудратанд, метавон беҳбудӣ интизор шуд) хориҷ шуд.

Намояндагони хадамоти махсус дар сенария “аломатҳои амали таблиғот зидди номзад ба мансаби президентӣ Садир Жапаровро”мушоҳида кардаанд. Лекин то сари қудрат омадани ӯ ҳам Вазорати фарҳанг гоҳ-гоҳ дастрасӣ ба “муҳтавои беэътимод”-ро қатъ мекард.

Қазоқистон

Соли 2016 спектакли «Разговор с душой: время поговорить» бо иштироки ходими дин Шамил Аляутдинов бинобар муҳтавои динӣ доштанаш дар Қазоқистон намоиш дода нашуд, хабар медиҳад Tengrinews.kz. Кумита оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанг ва варзиш инро чунин шарҳ дод, ки «дар намоишнома унсурҳои таблиғи динӣ, яъне паҳн кардани ақидаҳои исломӣ мавҷуд аст. Ин ҳамчун фаъолияти миссионерӣ (мубаллиғӣ) арзёбӣ мешавад".


Соли 2017 мансабдорони Раёсати фарҳанги яке аз шаҳрҳои Қазоқистон намоиши спектаклро аз рӯи пйесаи драматурги рус Николай Коляда “Баба Шанель” манъ карданд, менависад “Медуза”. Драматург он замон зикр карда буд, ки сабаби манъ шояд он бошад, ки сардори раёсати фарҳанг дар он «алафдаравак» (газонокосилка) номида мешавад.

Лекин баъдан нашрияи Газета.ру бо истинод ба ТАСС хабар дод, ки раҳбарияти Раёсати фарҳанги вилояти Акмола маълумот дар бораи манъи намоиши спектаклро рад карда, изҳор доштаанд, ки он се маротиба намоиш дода шудааст ва намоиши минбаъдааш дар моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст.

Ӯзбекистон

Моҳи сентябри соли равон театри “Илҳом” нахустнамоиши спектакли «Подпольные девочки» (Духтарони пинҳонӣ)-ро  бо қарори Иттиҳоди ходимони театр мавқуф гузошт, менависад Kun.uz.

Сенария аз рӯи китоби Ҷенни Нордберг “Духтарони пинҳонии Кобул: Ҷустуҷӯи муқовимати пинҳонӣ дар Афғонистон” (Подпольные девочки Кабула: в поисках скрытого сопротивления в Афганистане) ва мусоҳибаҳо бо гурезаҳои афғон навишта шудааст.

Иттифоқи ходимони театр дар изҳороти худ зикр кард, ки “намоиши вазъи иҷтимоӣ, динӣ ва сиёсии Афғонистон ба ҷомеа дар асоси ҷаҳонбинии ғарбӣ, ки арзишҳо ва анъанаҳои миллию мазҳабиро маҳкум мекунад, метавонад муносибатҳои дуҷонибаи давлатии Афғонистон ва Ӯзбекистонро халалдор созад".

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.